Баррасии масъалаи омӯзиши сохтмони метро дар Душанбе бо ширкати “Роҳи оҳани Корея
2022-08-02 09:08:15
Мулоқоти Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим бо намояндагони ширкати “Роҳи оҳани миллии Корея” бо роҳбарии Сонг Ҷае Ил 22 июл доир гардид. Дар мулоќот масъалаи амалишавии Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёт ва ширкати номбурда оид ба омӯзиши сохтмони метро дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.
Зимни нишаст ҳайатҳо масъалаи маблағгузории лоиҳаи мазкур ва татбиқи амалии дигар лоиҳаҳои сормоягузориро мавриди муҳокима қарор доданд.
Аз ҷониби намояндагони ширкати Роҳи оҳани миллии Корея ҳавасмандӣ ҷиҳати иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои сохтмони роҳи оҳани Ҷ. Балхӣ-Ҷайҳун-Панҷи Поён, сохтмони хати роҳи оҳани нави 27 километра дар шаҳри Кӯлоб ва таҷдиди роҳҳои оҳани мавҷудбуда пешниҳод карда шуд.
Маълумот аз ВНҶТ