Вохӯрии вазири нақлиёт бо Игор Рунов
2022-08-15 10:33:23
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар доираи иштирок дар Конфронси вазирони нақлиёти кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва баромад ба баҳрнадошта, ки рӯзҳои 15 – 16 август дар шаҳри Туркменбошии Туркманистон баргузор мегардад бо Котиби масъули Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиётӣ - Рунов Игор Борисович мулоқот намуд.
Мулоқот бо дархости Игор Рунов дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, нахуст Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим аз даъват ба вохӯрӣ изҳори сипос кард ва омодагии Вазорати нақлиёти кишварро барои ҳамкории мутақобилан судманд бо ин марказ баён дошт.
Вазири нақлиёт дар идомаи суҳбат аз мавқеи муносиби ҷойгиршавии Тоҷикистон ҳамчун кишвари транзитӣ барои давлатҳои минтақа ёдовар шуда, оид ба рушди транзит ва соҳаи нақлиёт дар кишвар фикрҳояшро баён дошт. Азим Иброҳим ҳамчунин аз муносибатҳои дӯстона ва равобити Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт бо давлатҳои ҳамсоя ва минтақа ёдовар шуда, онро ҳамчун намунае аз ҳамкориҳои дипломатии нақлиётии кишвар унвон намуд.
Игор Рунов оид ба фаъолияти Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиётӣ сухан карда, дар идомаи суҳбат илова кард, ки ин марказ самтҳои ҳамкориро бо Тоҷикистон имконпазир ва таконе баҳри рушди минбаъдаи муносибот арзёбӣ намуд.
Аз ҷумла,
зарурати кушодани маркази бозомўзии мутахассисони дипломатияи нақлиётиро ба
мақсад мувофиқ ҳисобида, Тоҷикистонро ба ҳамкорӣ дар ин самт даъват намуд.
Маълумот аз ВНҶТ