Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон
2022-08-15 10:36:32
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим
дар Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон рӯзҳои
15-16 августи соли 2022 дар мавзеи Авазаи шаҳри Туркменбошии Туркманистон
Конфронси вазирони нақлиёти кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ (баромад
ба баҳр надошта) баргузор мегардад.
Дар конфронси мазкур намояндагони 32 кишвари рӯ ба тараққии баромад ба баҳр надошта, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.Бо мақсади иштирок дар ин чорабинӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ба Туркманистон сафар намуданд, ки ба ҳайат Директори МД “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” Раҳмиддин Саломзода ва намояндагони сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон низ шомиланд.
Раисии Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сессияи чоруми Конфронс: “Тезонидани рақамикунонӣ барои беҳтарсозӣ, транзит ва соддагардонии раванди тиҷорат, ҳамзамон барқаррорсозии устувор пас аз давраи пандемияи COVID-19” пешбинӣ шудааст.
Дар Конфронс масъалаҳои рушди долонҳои нақлиётии минтақавӣ, ҳамгироии системаи инфрасохтори ҳамлу нақли мултимодалӣ, рақамикунонии раванди ҳамлу нақл, рушди нақлиёти барқӣ ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор хоҳанд гирифт.