ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Қатораи Кӯлоб - Волгоград ба сафар баромад

2022-08-17 07:57:32

           Қатораи  мусофирбарии байналмилалии “Кӯлоб-Волгоград-Кӯлоб” аз вокзали шаҳри Кӯлоб ба самти Федератсияи Россия 16 августи соли 2022 соати 00:10  ба роҳ баромад, ки аз 13 вагон иборат буда, зиёда аз 600 мусофир дошт. Қатораи мусофирбарии мазкур ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе аз шаҳри Кӯлоб ба самти Федератсияи Россия ҳаракат мекунад. 

           Бо пешниҳод шудани сабукиҳо (тахфиф) нархи билет дар қатораҳои хатсайри  Душанбе-Волгоград,  Кӯлоб-Волгоград ва Хуҷанд-Волгоград (аз 45 то 31 рӯз - 45% тахфиф, аз 30 то 2 рӯз - 35%тахфиф) чунин муқарар гардидааст:    Қатораи хатсайри Душанбе-Волгоград - дар вагонҳои пласкартӣ -1281 сомонӣ, дар вагонҳои купедор  -1717 сомонӣ.
Қатораи хатсайри Кӯлоб-Волгоград - дар вагонҳои пласкартӣ  -1309 сомонӣ, дар вагонҳои купедор -1749 сомонӣ.
Қатораи хатсайри Хуҷанд-Волгоград - дар вагонҳои пласкартӣ -1209 сомонӣ, дар вагонҳои купедор -1631 сомонӣ.

           Нархи билет дар қатораҳои мусофирбарии байналмиллалӣ аз рўи қурби франки швейтсарӣ ва коэффисиенти индексатсия (баланду пастшавии қурби асъор), ки аз тарафи маъмурият роҳҳои оҳани давлатҳои ИДМ истифодашаванда  метавонад тағйир ёбад.

           Қатораҳои мусофирбарӣ дар самти “Душанбе – Волгоград -Душанбе”  Санаи 27 август, “Хуҷанд-Волгоград-Хуҷанд” 7 сентябри соли равон ба сафар мебароянд.
 
           Мусофирон ва сайёҳон метавонанд барои сафар намудан тавассути қатора дар хатсайрҳои “Кӯлоб-Волгоград”, “Душанбе – Волгоград” ва “Хуҷанд-Волгоград” аз хазинаҳои чиптафурушии Роҳи оҳани Тоҷикистон чиптаҳоро дастрас намоянд.