ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Бо кӯшиши Пешвои миллат мақоми сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии забони тоҷикӣ ба куллӣ дигар шуд

2022-10-05 03:55:14

            Дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо кӯшиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии забони тоҷикӣ ба куллӣ дигар шуд. Бо дарки муҳимтарин ва умдатарин масъала, яъне хусусияти муттаҳидгардонӣ ва ваҳдатофарии забон Роҳбари давлат онро ҳамчун рукни устувору побарҷои давлатдории навини тоҷикон эътироф намуданд, ки аз азамату ҷалол ва иқтидору неруи забони тоҷикӣ сарчашма мегирад. Чунин иброз намудааст Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода дар мақолаи худ таҳти унвони «Эҳё ва рушди забони давлатӣ дар партави сиёсати фарҳангии Пешвои миллат. Ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад», ки дар АМИТ «Ховар» ба нашр расидааст.              
            Ба зикри Эмомалӣ Насриддинзода, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои пайвастаи Пешвои миллат забони тоҷикӣ ба феҳристи забони давлатҳои мустақили ҷаҳон дохил шуд, барои шинохти миллати тоҷик ба сифати мардуми дорои ҳама аломату нишонаҳои миллати таърихӣ заминаҳои сиёсӣ фароҳам омаданд ва дар ориёшиносӣ ва ё эроншиносии муосир шохаи сифатан нави тоҷикшиносӣ ҷойи расмӣ ва мустақиле барои худ пайдо намуд.
         
            «Дар баробари ин, чунонки Пешвои миллат таъкид мекунанд, ҳар шаҳрванди кишвар барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ кӯшиш карда, падару модарон бояд ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд, зеро беэътиноӣ ба забони модарӣ беэҳтиромӣ нисбат ба миллату Ватан, модар ва таъриху фарҳанги хеш аст»,- изҳор намудааст Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа.
             
              Ба зикри муаллифи мақола, бахусус, ташкил намудани мулоқоту суҳбатҳо бо ҷалби олимону адибони маъруф, омӯзишу мутолиаи асарҳои илмиву адабӣ, аз бар кардани шеърҳо ва ғайра, ки имконияти бештари бедор намудани завқу шавқи ҷавононро дар пай доранд, барои қавӣ гардонидани ҳофизаи таърихии хонандагону донишҷӯён зарур мебошад.
             
              Дар мақола таъкид гардидааст, ки мояи ифтихору сарбаландист, ки Пешвои муаззами миллат пуштибону ҳомии забони тоҷикӣ мебошанд ва ба забон ҳамчун рукни асосии бинои ҳастии миллат ва устувориву будубоши давлат ба ҳайси муқаддасоти миллат арҷ мегузоранд.
               
              Чунонки дар ин маврид Сарвари давлат ишора намудаанд, «бақои тоҷик забони тоҷик аст, яъне забони ноби тоҷикӣ. Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад. Фарҳанги беназиру оламшумули тоҷикон ва адабиёти пурғановати зиёда аз ҳазорсолаи тоҷикон, ки қалбҳои аҳли назар ва фаҳму фаросати ҷаҳонро тасхир кардааст, маҳз бо ҳамин забон, яъне забони тоҷикӣ навишта ва эҷод шудаанд».
 


                                                                                                                                           манбаъ аз "АМИТ Ховар"