ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи "Логистика ва афзалияти он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон бо давлатҳои минтақа» дар Душанбе доир мегардад.

2022-10-17 09:14:02

              Санаи 18-19 октябри соли  ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар бинои Китобхонаи Миллии Тоҷикистон  Конфронси байналмилалии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи «Логистика ва афзалияти он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон бо давлатҳои минтақа» баргузор мегардад. Дар кори Конфронс олимон, коршиносону мутахассисони байнайлмилалии соҳаи нақлиёт аз дохил ва хориҷи кишвар иштирок ва суханронӣ менамоянд.      Дар кори Конфронс оид ба масоили матраҳшаванда намояндагони соҳа маърӯза  мақолаҳои илмиро пешкаш намуда, иштирокдорон дар бахшҳои танзими фаъолияти давлатии таъмини логистика -  дасовардҳои  илмӣ ва амалии фаъолияти логистика, таълим ва тарбияи мутахассисон оид ба таъминоти логистикӣ, рақамикунонии инфрасохтори логистика, мушкилоти  ташкил ва инкишофи техникаи логистика, таҷрибаи пешрафти ширкатҳо ва марказҳои  нақлиётию логистикӣ, «Бонувон дар логистика: воқеият ва назар ба оянда - имкониятҳои захираи кадрии соҳа» - ро мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода хоҳад шуд.   Ёдовар мешавем, ки  чунин  Конфронси байналмилалӣ дар Тоҷикистон маротиба аввал аст, ки доир мегардад. Конфренсия мазкур бо ташабусси Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.