Лоиҳаи мултимодалии борҳо
2022-10-24 04:58:51
Тибқи лоиҳаи мултимодалии бор тавассути долони "Хитой-Тоҷикистон-Ӯзбекистон-Туркманистон-Эрон- Туркия" борҳо тавассути қатора ба самти Туркия ирсол мегардад. Тарҳи лоиҳаи мазкур дар Турманистон дар ҳамоиши вазирони кишварҳои маҳсур дар хушкӣ баррасӣ гардида буд. Акнун дар ҳошияи кори Конфронси байналмилалии " Логистика ва афзалияти он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон бо давлатҳои минтақа" ба ин тарҳ амалан оғози расмӣ бахшида шуд. Қарор аст, ки борҳо аз Ҷумҳурии мардумии Чин тавассути Кулма ба шаҳри Кӯлоб воридгардида, аз Кӯлоб ба қатора ба дигар кишварҳо содир карда мешавад. Қайд кардан ба маврид аст, ки барасмиятдарории борхатҳои худро метавонанд ба шакли электорнӣ ба роҳ монанд. Ин ҳуҷҷати пилотии GTrD имкон медиҳад, ки ба расмиятдарории борхатҳо тариқи электронӣ амалӣ карда мешавад.