Муаррифӣ намудани хизматрасонии суғуртавии ташкилоти “Меҳнат” ба ширкатҳои боринтиқолдиҳандагони байналмилалӣ.
2022-11-14 04:39:44
Дар Муассиса давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” вохурӣ бо ширкатҳои боринтиқолдиҳанда доир гардид. Ҷаласаи кории МД “НА ва ХЛ”-ро директори муассиса Саломзода Раҳмиддин Салом оғоз намуда, ҷиҳати зарурати суғуртакунонии ширкатҳои боринтиқолдиҳанда суханронӣ намуд. Баъд аз суханронии директори МД “НА ва ХЛ” мутасаддиёни ташкилоти “Меҳнат” баромади худро оғоз намуда, намудҳо, кишварҳои дар онҳо суғуртаи мазкур амалкунанда ва ҳолатҳои суғуртанамоии борҳои интиқолнамудаи воситаҳои нақлиётро ба намояндагони ширкатҳои боркашонӣ муаррифӣ намуданд. Ҳангоми муаррифӣ, аз ҷониби намояндагони ширкатҳо саволҳои зиёд дода шуда, ҷиҳати камбудиҳои ҷойдошта суханронӣ намудад. Дар анҷоми ҷаласа ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ҳангоми сугуртанамоӣ таклифу пешниҳодоти мушаххас манзур карда шуд, ки масъулин ҷиҳати иҷрои камбудиҳои ироагардида изҳори омодагӣ намуданд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки Муассиса барои ҳамкорӣ ва иштироки намояндагони ширкатҳои боркашонӣ изҳори миннатдорӣ намуда, изҳор намуданд, ки муассиса барои рушди ҳамкориҳо дар самти боркашонӣ ҳамеша омода аст, ки дар доираи салоҳиятҳои худ ба Шумо кумак ва ҳамкорӣ намояд.