ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Озмуни дар н.Бохтар

2022-03-14 12:04:46

  1. МД “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” барои пайдо кардани ҳуқуқи хизматрасонӣ бо нақлиёти автомобилии мусофирбарии автобусҳои хурд (микроавтобус) дар хатсайри мунтазами шаҳрии шаҳри Бохтар оид ба ҳамлу нақли мусофирон озмун (тендер)  эълон менамояд, ки рўзи «30» марти соли 2021  дар суроғаи шаҳри Бохтар, хиёбони Ваҳдат-42  баргузор мегардад.
  2. Дар озмун (тендер) лоти (хатсайрҳои) зерин пешниҳод мегарданд:
  3. № лот Номгӯи хатсайрҳо 1 Бозори Фаровон – Беморхонаи вилояти ба номи Б. Воҳидов  
    1. Дар озмун (тендер) ҳама гуна шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ки воситаи нақлиёти худро доранд, ё тибқи қонун дар асоси шартнома ҳамкорӣ доранд, иштирок карда метавонанд.
    2. Хоҳишмандони иштирок дар озмун (тендер) барои гирифтани маҷмӯи ҳуҷҷатҳои озмун (тендер) бояд ба ташкилкунандаи озмун (тендер) ба суроғаи шаҳри Бохтар,  хиёбони Ваҳдат-42  бо дархости хаттӣ муроҷиат намоянд:
    3. Арзиши иштирок дар як лоти озмун (тендер) дар асоси нархномаи бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиќашуда, ҳисоб карда мешавад.
    4. Муҳлати интиҳоии қабули дархостҳо барои гирифтани ҳуҷҷатҳои озмун (тендер) то «27» марти соли 2021 мебошад.
    5. “10” марти соли 2021 Комиссияи озмун (тендер) аз рўи масоили гузаронидани озмун (тендер) Конфронси озмун (тендер)  баргузор менамояд.
    6. Барои маълумот бо телефони 93 980 04 35 ва 93 980 04 36 муроҷиат намоед.