ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Вохурии директори Муассиса бо роҳбарон ва намояндагони корхона ва ҷамъиятҳои ҳамлу нақли бору мусофир.

2023-03-01 04:10:33

      Санаи 22 феврали соли 2023 дар маҷлисгоҳи Вазорати нақлиётӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки директори Муассисаи давлатии “Нақлиётии автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”, роҳбарони корхонаҳо ва ҷамъиятҳои нақлиётии мусофирбарӣ ва боркашонии ш. Душанбе ва ШНТМ, семинар-машваратии кории МД “НА ва ХЛ” бо ширкатҳои нақлиёти автомобилӣ ҷиҳати вусъат бахшидани раванди рақамикунонии варақаҳои роҳхату борхат ва дигар масъалаҳои соҳа, рафти омӯзиши дарсҳои 20-соатаи Қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва одоби муошират бо мусофирон вохӯрӣ баргузор гардид.
      Директори муассиса Саломзода Р.С. қайд намуданд, ки гузаштан ба рақамикунонии соҳа аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, густариши раванди рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиётро, яке аз масъалаҳои муҳим ва афзалиятнок арзёбӣ намуданд. Вобаста ба ин, сохторҳои дахлдори кишвар муваззаф карда шудаанд, ки доир ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, ҷораҷӯӣ намоянд.   
      Илова бар ин, директори муассиса дар баромади худ қайд намуд, ки яке аз масъалаҳои муҳим ташкил ва гузаронидани омӯзиши дарсҳои 20-соатаи Қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва одоби муошират бо мусофирон мебошад. Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки роҳбарони корхонаҳои мусофирбарӣ дар ин самт бояд  саҳмгузор бошанд.
      Дар кори ҷаласа масъалаҳои  муомилоти роҳхату борхат ва коркарди онҳо, беҳтар ба роҳ мондани ҳисоботҳои омории нишондиҳандаҳои асосӣ ва дигар масъалаҳои соҳа мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.  
      Ҳарчанд, ки раванди рақамикунонии хизматрасонии наќлиётӣ дар корхонаҳо ва ҷамъияти нақлиётии мусофирбарии ш.Душанбе беҳтар шуда бошад ҳам, вале дар ҷамъиятҳои нақлиётии мусофирбарии ШНТМ, иҷрои масъалаи мазкур ба талабот ҷавобгӯ набуда, пайваста бо сабабҳои гуногун ба таъхир гузошта мешаванд.
      
Бо назардошти ин, аз роҳбарон ва масъулини корхонаҳо ва ҷамъиятҳои нақлиётии мусофирбарии ш. Душанбе  ва ШНТМ хоҳиш ва талаб карда шуд, ки дар саривақт амалӣ намудани ин раванд, мусоидат намоянд.