Самти фаъолияти Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисос
2023-03-13 08:26:50
Баланд бардоштани ихтисоси кормандон шарти муҳимтарини фаъолияти бомуваффақияти ҳар як ташкилот мебошад. Ин махсусан дар шароити ҳозира, ки тезондани раванди илму техника ҷараёни куҳнашавии дониш ва маҳорати касбиро хеле метезонад. Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисос воҳиди сохтории Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” мебошад. Фаъолияти марказ ба ташкил ва гузаронидани курсҳои такмили ихтисоси кормандони муассиса, инчунин пешниҳоди хизматрасонии таълимӣ барои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар соҳаҳои нақлиёт равона карда шудааст.
Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Марказ барои курсҳои омӯзишии “Таъмини беҳдошти бехатарии ҳаракат ва одоби муошират бо мусофирон барои ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум” диққати махсус дода мешавад.
Бо мақсади амалисозии ин ҳадафҳо мо Барнома ва нақшаҳои таълимии курсҳои ҳарсолаи омӯзиши “Таъмини беҳдошти бехатарии ҳаракат ва одоби муошират бо мусофирон барои ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум” дар асоси талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, №372 “Оид ба тасдиқи Барномаи беҳдошти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 - 2016”, моддаи 16 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳаракат дар роҳ”, Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, банди 5 – и Низомномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2011, №250), “Қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бори дастиву бағоҷ бо нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (фармоиши Вазири нақлиёти ҶТ аз 20 июли соли 2009, №10 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон №255 “г” аз 31 июли соли 2009 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст) таҳия ва роҳандозӣ намуда истодаем.
Барои дар сатҳи зарурӣ ташкил намудан ва гузаронидани дарсҳо тибқи Барнома ва нақшаи таълимӣ мутахассисони соҳаи бехатарии харакат дар роҳ, мактабҳои соҳаи ронандатайёркунӣ, вазорату идораҳо ва дигар муассисаву ташкилотҳои дахлдор ҷалб карда мешаванд.
Ҳадафҳои асосии Марказ қонеъ гардонидани талаботи ҷомеа бо мутахассисони баландихтисос, дар асоси навсозии мунтазами мундариҷаи барномаҳои таълимӣ, пайвастани органикӣ бо дастовардҳои илм ва талаботи истеҳсолот, аз ҷумла таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ, гузаронидани тадқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаҳои гуногун, самаранок истифода бурдани нерӯи инсонӣ ва зеҳнӣ дар системаи нақлиётӣ ба шумор меравад.
Дарсҳо дар маркази таълимии Марказ ва муассисаҳои нақлиётӣ гузаронида мешаванд. Омӯзиши фосилавӣ низ дар фурсати наздик имконпазир мегардад. Давомнокии курс 20 соати академиро дар бар гирифта тибқи низоми системаи кредитӣ ба роҳ монда мешавад. Ба ронандагоне, ки курси омӯзиширо хатм менамоянд ва дар сурати супоридани имтиҳон, ба онҳо Шаҳодатномаи махсус (талон) ки эътибори 1 сола дорад, дода мешавад. Дар Маркази бозомӯзӣ ва такмилӣ ихтисос, баҳри пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт аз қабили вайрон намудани қоидаҳои мусофирбарӣ, гуфтугӯ намудан бо телефонии мобилӣ дар вақти идора намудани воситаи нақлиёт, дар ҳолати мастӣ, бе шаҳодатномаи ронандагӣ идора намудани воситаи нақлиёт, бо оинаҳои сиёҳшиша, бе иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ, бе рақами қайди давлатӣ, итоат накардан ба талаботи қонунии корманди БДА, вайрон намудани қоидаҳои санитарӣ – экологӣ, дарсҳо тибқи Барнома ва нақшаи таълимӣ гузаронида мешавад.
Дар фарҳанги мардуми тоҷик нахустин афкори ахлоқӣ дар бораи одоби муошират ба мушоҳида мерасад. Шиори асосии фарҳанги қадимаи ниёгони мо “пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек” буда, инсонро ба он раҳнамо месозад, ки ӯ на танҳо фикру андешаи нек дошта бошад, балки сухани хуб гӯяд ва муҳимтар аз ҳама, бояд рафтори шоиста намояд.
Одоби муошират дар ҳаёти инсон вазифаҳои муайянро иҷро карда, инчунин як қисмати муҳими илми ахлоқ мебошад. Вале агар одоб дар маҷмуъ аз як тараф ҳама шаклҳои одобу ахлоқро ифода кунад, аз тарафи дигар шакли нишон додан ё тарзу равиши тарбияи одоби инсонро дар бар мегирад. Одоби муошират дар маънои эҳтиёҷоти инсон ба инсони дигар асос ёфтааст. Бинобар ин, муколама, гуфтугӯ, суҳбат ва робитаҳои забонӣ воситаи асосии муоширати одамон ба хисоб меравад.
Одоби муошират ва рафтор маданият ва ҳадафҳои ахлоқии хоси худро дорад. Яъне: инсондӯстӣ, накӯкорӣ, устуворӣ ва серталабӣ. Аз ин рӯ, ҳар як инсонро зарур аст, ки дар муошират бо атрофиён хушмуомила бошаду баҳри пайдо намудани ҷойгоҳи худ дар ҷомеа талош намояд ва ҳаёти шоистаро барояш муҳайё созад. Сухани мутафаккири бузурги тоҷик Ибни Сино хулосаи ин ҳама гуфтаҳост, ки фармудаанд: “Ахлоқи инсонӣ на модарзодӣ, балки касбӣ мебошад. Яъне, ақл ва рафтору атвори одам дар раванди ҳаёти ӯ рушду такомул меёбад”. Мо аз рӯйи зарурат аз нақлиёт – автобус, троллейбус, микроавтобус, таксӣ, самолёт, поезд истифода мебарем. Бо ронандагон, мусофирон, одамҳои гуногун вомехӯрем, бо онҳо муносибату муомила менамоем. Дар нақлиёт кадом қоидаҳоро бояд риоя кард? Аввалан, дар нақлиёт бодиққат бояд буд. Ҳангоми саворшавӣ ба нақлиёт навбатро риоя карда, ба занҳои ҳомиладор, кӯдакдор, иштирокчиёни ҷангу собиқадорон, пиразанон, муйсафедон, маъюбон мададгорӣ бояд кард, то ки аввал онҳо даромада нишинанд. Дар дохили нақлиёт ҷавонон бояд ба калонсолон, мӯйсафедон, занҳо, маъюбон ҷой диҳанд. Агар зане бо кӯдакаш ё касе дар дасташ бор ба мошин савор шуданӣ бошад, ба онҳо дасти ёрӣ бояд дароз кард.
Дар дохили нақлиёт мағал кардан, баланд сухан намудан, хандидан ё шиносу хешовандро дида баланд гуфтугӯ кардан, норавост. Агар зарурате ба миён ояд, бо овози паст пурсупос ва гуфтугузор кардан мумкин аст. Гуфтугӯ бо телефон низ номатлуб аст. Дар хотир бояд дошт, ки дар нақлиёт мусофирон ба ҳам наздик ва зич қарор мегиранд. Дар чунин вазъият услубу одоб, ақлу фаросат ва маданияти шахс базудӣ аён мешавад. Тибқи маълумоти РВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе дар давраи соли 2021 дар ҳудуди кӯчаю роҳҳои пойтахти кишвар рух додани 242 садамаҳои нақлиётӣ, ки дар натиҷа 33 нафар ҳалок ва 254 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд (гарчанде омори мазкур нисбат ба дигар минтақаҳои кившар камтарин нишондиҳандаи садаманокӣ маҳсуб меёбад), ҷиҳати пешгирӣ аз садаманокӣ роҳу усулҳои навӣ корбарӣ дар соли 2023 таҳия ва амалӣ гардида истодааст.
Ин тасмим бо назардошти ҳали масъалаҳои ҷойдошта ва аз байн бурдани ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаркат дар роҳҳои ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардид. Зеро содиршавии қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ, рух додани садамаҳои роҳу нақлиётӣ бо оқибатҳои марговар, дар ҳолатҳои мастӣ ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди пойтахт аз дағалтарин қоидавайронкуниҳои самти ҳаракати роҳ маҳсуб ёфта, дар давраи 12 моҳи соли 2021 аз ҷониби нозирони роҳ 382 ҳолати идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, 499 далели ба вуҷуд овардани вазъияти хавфнок ва ҳолати садамавӣ, 2795 далели вайрон намудаи қоидаи сабқат ва монёвркунӣ ва 4113 ҳолати баланд намудани суръати ҳаракат дар ҳудуди кӯчаю роҳҳои шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст, ки қоидавайронкуниҳои зикргардида дар як вақт яке аз омилҳои асосии мусоидаткунанда ба садамаҳои роҳу нақлиётӣ маҳсуб мешаванд.
Аз аввали соли 2023 дар ҷамъиятҳои мусофирбарии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ аз ҷумла ККВД “Автобуси-2”, ККВД “Автобуси-3”, ККВД “Тройлейбус”, ҶДММ “Чархи Иқбол”, ҶДММ “Нақлиёт-Ғаз 2004”, ҶДММ “Муҳаммадҷон Д”, ҶДММ “Корвонсарой”, ҶДММ “Маҳин”, ҶДММ “Талко Персия”, ҶДММ “Сафар Ориё”, ҶДММ “Сайёҳон”, ҶДММ “Варзоб нақлиёт2014”, ҶДММ “Шоҳроҳи Бадахшон”, ҶСК “Нақлиёт”, ҶСП “Холдинг Осиё гуруҳ”, ҶДММ “Нақлиёт-Газ 2015” дар маҷмуъ 840 ронанда ба курсҳои ҳарсолаи омӯзиши “Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва одоби муошират бо мусофирон барои ронандагони воситаҳои нақлиёти истифодаи умум” фаро гирифта шудааст. Марказ дар оянда нақша дорад, ки барои гузаронидани дарсҳо аз усулҳои замонавии таълимӣ ба монанди роликҳо, руҳнамо, инчунин чоп ва дастрас намудани ёддоштҳо барои ронандагон ва дарсҳои соҳавиро роҳандозӣ намояд.
Сардори маркази бозомӯзӣ
ва такмили ихтисоси Муассисаи
давлатии “Нақлиёти автомобилӣ
ва хизматрасонии логистикӣ”
Акрамӣ С.С.