Раванди рақамикунонии варақаҳои роҳхату борхат вусъат меёбад
2023-04-05 07:31:32
Дар вилояти Суғд боз 2 адад корхонаи нақлиёти мусофирбар, ҶДММ “Танзим” дар шаҳри Исфара ва ҶДММ “Коваи Истаравшан” бо барномаи электронии варақаҳои роҳхату борхат пайваст гардида, фаъолияташро дар ин самт бо истифодаи барномаи мазкур ба роҳ монда истодаанд. Инчунин барои беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ бахши муҳосиботи Раёсати Муассисаи давлати “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” бо барномаи 1С-бухгалтерӣ таъмин гардид.