ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Раванди бақайдгирии интиқоли бор дар минтақаи Бохтар

2023-04-05 07:42:36

 Аз 24-ум то 31 марти соли 2023, Агент-экспедиторони Раёсати Муассисаи давлатии “НА ва ХЛ” дар  минтақаи Бохтар дар доираи талаботи дастурамали вазифавии худ, оид ба расмиятдарории борҳои интиқолшаванда,   670,0 тонна борҳои гуногун аз ҷумла, 80 тонна сабзӣ  40,0 тонна чигит, 140 тонна пахта ва 410 тонна дигар намуди маҳсулоти хоҷагии халқ, ки аз минтақа содирот шуд  ба қайд гирифтанд. Инчунин дар ин муддат  ба минтақа 700,0 тонна орд, 280 тонна картошка, 350 тонна пиёз ва 120 тонна ангишт ворид шудааст.  Аз ҷониби раёсат ба ҷамъиятҳои нақлиётии минтақаи Бохтар, 4247-адад варақаи роҳхат ва 450-адад  борхат барои корбарӣ таъмин карда шуд.