Ҳамкориҳои судманд кафили рушди соҳа
2023-04-05 07:51:04
Раёсати муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва
хизматрасонии логистикӣ” дар минтақаи
Кӯлоби вилояти Хатлон бо ҷамъиятҳои нақлиётӣ ҳамкориро
тақвият медиҳад. Раёсат баҳри фаъолияти босамар бо Терминали
мусофирбарии “Саид Абдуҷаббор”- и н.Восеъ шартномаи ҳамкорӣ баста, ҳаракати хатсайрҳои ҷамъияти мазкурро зери
назорати ҷидди қарор додааст.
Инчунин дар охири ҳафтаи
моҳи март аз ҷониби Раёсат 1417 адад роҳхат, аз
ҷумла 830 адад роҳхати 2Б (Боркаш), 587 адад роҳхати шакли 3С (сабукрав) ва 700
баста борхати замимаи 1 ба корхонаҳои нақлиётӣ дастрас гардиданд.