Дар Хуҷанд бо мақсади рушди нақлиёти ҷамъиятӣ хариди электробусҳои замонавӣ дар назар аст
2023-04-06 06:22:38
Дар маркази вилояти Суғд татбиқи Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии
шаҳри Хуҷанд» идома дошта, панҷ марҳиларо дар бар мегирад, ки арзиши он дар
маҷмуъ 26 миллиону 840 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба
хабарнигори АМИТ “Ховар” директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии
коммуналии «Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд» Музаффар Раҳимхӯҷаев иттилоъ
додааст.
Номбурда таъкид намуд, ки то
имрӯз се марҳилаи лоиҳа пурра татбиқ шудааст. Соли 2018 дар доираи лоиҳаи
мазкур ба Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Нақлиёти мусофиркашони шаҳри
Хуҷанд» 100 автобуси замонавӣ ворид карда шуд.
Соли 2020 ҷорӣ намудани системаи пардохти
ғайринақдии роҳкиро ва назорати кори автобусҳо бо арзиши 311 ҳазор доллари
амрикоӣ амалӣ гардид. Дар айни замон корҳо дар қисматҳои боқимондаи лоиҳа, ки
асосан навсозии бинои маъмурӣ ва маркази таъмири автобусҳои Корхонаи воҳиди
давлатии коммуналии «Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд»- ро дар бар мегирад,
идома дорад. Иншооти мазкур солҳои 70-уми асри гузашта сохта шуда, ҳолати
ногувор дошт. Муҷаҳҳазсозии иншооти мазкур бо таҷҳизоти зарурӣ низ дар доираи
ҳамин лоиҳа сурат мегирад. Ба таъкиди роҳбарияти корхона, дар доираи маблағҳои
сарфашуда аз ҳисоби лоиҳа хариди электробусҳои замонавӣ дар назар аст. Ҳоло 20
автобуси корхона дар 2 хатсайр ба мусофиркашонӣ машғуланд. Даҳаи дуюми моҳи
апрели соли равон дар хатсайрҳои №4 ва №5 низ мусофирбарӣ тариқи автобусҳои
корхонаи мазкур ба роҳ монда мешавад. Мутахассисони
корхона ба он боваранд, ки бо таҷдиди хатсайрҳо ва фаъолияти пурраи автобусҳо,
инчунин ворид гардидани электробусҳои нав дар шаҳри Хуҷанд расонидани хизмат ба
сокинону меҳмонон беҳтар мешавад.
Манбаъ: khovar.tj
Манбаъ: khovar.tj