МУАРРИФИИ ДОЛОНҲОИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН.
2023-04-06 06:39:37
Аз 24 апрел то 10 майи соли
2023 дар қаламрави Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон ва Арманистон
Роҳпаймоии VI байналмилалии Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон (ШБР) таҳти
унвони “Корвони дӯстӣ” баргузор мешавад. Роҳпаймоии байналмилалӣ тибқи қарорҳои
ШБР, ки дар ҷаласаҳои 43-45 МСД аз 24 июни соли 2019 дар шаҳри Братислава
(Ҷумҳурии Словакия), аз 10 сентябри соли 2020 дар шаҳри Саратов (Федератсияи
Русия), аз 9 декабри соли 2022 дар шаҳри Москва (Федератсияи Русия) қабул
шудаанд, инчунин Нақшаи тасдиқшудаи чорабиниҳои ШБР барои соли 2023 доир карда
мегардад. Роҳпаймоӣ бо ибтикори Шӯрои байниҳукуматии
роҳсозон ва дастгирии Кумитаи иҷроияи ИДМ, вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон,
Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон ва Арманистон гузаронида мешавад. Автомашинаҳо
ҳаракати худро аз шаҳри Душанбе оғоз намуда, пасон масири Айнӣ – Панҷакент
- сарҳади Тоҷикистон бо Ӯзбекистон - Самарқанд, Навоӣ –
Бухоро - сарҳади Ӯзбекистон бо Туркманистон - Туркманобод – Марв –
Ашқобод – сарҳади Туркманистон бо Эрон - Машҳад – Тӯс – Нишопур - Гургон
- Сори – Теҳрон - Табриз - сарҳади Эрон бо Арманистон – Мегри – Капан –
Ереванро тай хоҳанд намуд.
Масофаи умумии роҳпаймоии “Корвони дӯстӣ” қариб
4000 километрро дарбар мегирад.
Ҳадаф аз ташкили роҳпаймоӣ пойга набуда, он бо риояи
тамоми қоидаҳои ҳаракат дар роҳ гузаронида мешавад. Мақсади асосӣ – муаррифии
долонҳои нақлиётии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ширкаткунанда мебошад. Ҳамзамон дар ин рӯзҳо баргузории панҷ конфронси
байналмилалии илмию амалӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Самарқанд, Ашқобод, Теҳрон ва
Ереван, инчунин семинарҳо дар тамоми масири хатсайр оид ба масоили рушди
долонҳои нақлиётӣ, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, сарфаи вақт дар
хатсайрҳои байналмилалӣ дар назар аст. Манбаъ:
www.mintrans.tj