10-11 апрел дар Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар аст
2023-04-09 06:11:55
Ба иттиллои Агентии
обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 10-11
апрел дар ҷумҳурӣ якбора номусоид шудани вазъи ҳаво дар назар буда, 10 апрел
рӯзона ва 11 апрел шабона дар баъзе минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва
доманакӯҳҳои вилояти Хатлон борони бошиддат пешгӯӣ шуда, раъду барқ ва жола ба
амал меояд. Рӯзҳои 10-12 апрел
болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз
қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, мушоҳида шуда, ҳамчунин лағзиши тарма, ярч, резиши санг дар минтақаҳои кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест. Дар иртибот
ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон ва меҳмонони
кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ин рӯзҳо аз эҳтиёт кор бигиранд. Бахусус, ронандагонро зарур аст ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиву
ағбаҳо қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ҷиддан риоя намоянд.