ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Фаъолияти Раёсати Муассисаи давлатии “НА ва ХЛ” дар минтақаи Бохтар тақвият меёбад.

2023-04-13 03:42:27

Давоми ҳафтаи дуюми моҳи март Раёсати муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” дар минтақаи Бохтар бо 3 адад  ҷамъияти нақлиёти автомобилии истифодаи умум дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Ҳамчунин  дар ин  давра 5470 адад роҳхат, аз ҷумла 2160 адад роҳхати 2Б (Боркаш), 1850 адад роҳхати шакли 3С (сабукрав), роҳхати шакли 1 А 60 дона  ва 1400 баста борхати замимаи 1 ба корхонаҳо нақлиётӣ дастрас гардиданд. Дар шӯъбаи хизматрасониҳои логистикӣ рақамикунонӣ ва омор бошад 1082 адад роҳхат ва борхати истифодашуда, аз ҷониби корхонаҳои нақлиётӣ барои коркард супорида шуд.