ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Омӯзиши «Қоидаҳои ҳаракат ва муоширату одоб бо мусофирон»

2023-04-13 09:49:06

Шӯъбаи танзими боркашонӣ, мусофирбарӣ ва такмили ихтисоси Раёсати Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” дар минтақаи Бохтар, баҳри баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ду хатсайри нақлиёти автомобилиро аз муоина гузаронида, тибқи барнома ва нақшаи таълимӣ оид ба омӯзиши «Қоидаҳои ҳаракат ва муоширату одоб бо мусофирон» ба 5 ҷамъияти нақлиётӣ 150 - варақа барои ташкил ва гузаронидани курсҳои  омӯзиши дастрас намуд. Раёсат ҳамчунин дар асоси фармоиши  директори МД “НА ва ХЛ”  ва  нақша - чорабиниҳои раёсат “Оиди гузаронидани амалиёти “роҳхату борхат” дар якҷоя бо кормандони РХДНТСН амалиёт доир намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт бо ронандагон ҷонок намудааст. Қобили қайд аст, ки раёсат баҳри таъсис додани маркази иттилоотии электронӣ дар самти рақамикунонии соҳа бо ҷамъиятҳои нақлиётии минтақа ҳамкори намуда,  кормандони ҷамъиятҳои нақлиётӣ  марҳила ба марҳила омузонида мешаванд.