Маълумотнома
МАЪЛУМОТНОМА
Саломзода Раҳмиддин Салом*аз 10 октябри соли 2012 дар вазифаи мудири кафедраи «Ташкили
интиқол ва идора дар нақлиёт»-и факутети «Идора ва сохтмони нақлиётӣ»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба
академик М.С. Осимӣ кор мекунад. |
|
*Соли таваллуд 5 июли соли 1975 *Ҷои таваллуд ноҳияи Рӯдакӣ
*Миллат Тоҷик *Таҳсилот Олӣ
*соли 1998 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимиро хатм кардааст.
*Ихтисос иқтисодиёт ва идоракунӣ дар нақлиёт
*Унвони илмӣ номзади илмҳои техникӣ, дотсент
*Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ
*Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не Вакилони Маҷлиси вакилони халқи ш. Душанбе, Муовини Раиси Комиссияи доимӣ оид ба нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳои Маҷлиси вакилони халқи ш. Душанбе мебошад.
*Ҳизбият аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад
*Ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не Медали ифтихории Академияи байналмилалии нақлиёт ба номи И.А. Лихачев, Нақлиётчии фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, МД "Маркази миллии патенту иттилоот"-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи муҳандисии Тоҷикистон
*Вазъи оилавӣ оиладор, падари панҷ фарзанд
*Суроға ноҳияи Рӯдакӣ деҳаи Шайнаки - Гадо
Кор ва фаъолияти собиқа
Солҳои 1992-1993 -муаллими мактаби миёнаи №3-и шаҳри Роғун
1993-1998 -донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ
1998-2000 -мутахассиси дараҷаи 2, мутахассиси дараҷаи 1, сардори шӯъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи саноати вазнин дар Маркази стандартонӣ, метрология ва сертификатсияи Тоҷикистон (Тоҷикстандарт)
2000-2002 -аспиранти Донишкадаи автомобил ва роҳи шаҳри Москва,Федератсияи Россия
2000-2002 -референт оид ба протокол, референт оид ба муносибатҳои хориҷӣ дар Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони Иттиҳоди давлатҳои мустақил, шаҳри Москваи Федератсияи Россия
2002-2003 -муҳандиси пешбари шӯъбаи ҳамлу нақли омехта дар Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи "Спецтяжтранс", шаҳри Москваи Федератсияи Россия
2004-2005 -коромӯзи кафедраи "Ташкили ҳамлу нақл ва идора дар нақлиёт ба номи Л.Л.Афанасев", факултаи "Идоракунӣ"-и Донишкадаи автомобил ва роҳи шаҳри Москва, Федератсияи Россия
2005-2006 -муовини сардори Раёсати рушди асосҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ҳамкориҳои байналхалқии Маркази миллии патенту иттилоот Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
2006-2010 -директори Маркази технологияҳои иттилоотии Тоҷикистону Ҳиндустон ба номи Бедил-и Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
04-10 соли 2010 -муовини директори Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
2010-2012 -ноиби Президенти Ассосиатсия боркашониҳои байналмилалии автомобилии Тоҷикистон
04-06 соли 2012 -муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикхориҷакор"-и Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
06-10 соли 2012 - ходими калони илмии Институти проблемаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
10.10. соли 2012 то 09.11. соли 2021 -мудири кафедраи "Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт "-и факултети "Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ"-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ
Аз 09.11.соли 2021 -директори Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
Маълумот:
1993-1998 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С Осимӣ, ш. Душанбе
-Дипломи аълочӣ (муҳандис-иқтисодчӣ)
2000-2004 Донишкадаи автомобил ва роҳи ш. Москва (Донишгоҳи техникӣ), ш. Москва
-Диплом (номзади илмҳои техникӣ)
2002 Маркази педагогикаи муҳандисӣ, Донишкадаи автомобил ва роҳи ш. Москва
-Шаҳодатнома оид ба такмили ихтисос
2003 Академияи Иттиҳоди Байналмилалии нақлиёти автомобилӣ, ш. Женева
-Диплом оид ба кордонии тахассусӣ
2003 Маркази омӯзиши-машваратии АСМАП-и Россия, ш. Москва
-Сертификат оид ба кордонии тахассусӣ
2005-2006 Маркази С-DAC, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Деҳлӣ
-Диплом оид ба тайёрии касбӣ
-Сертификат оид ба тайёрии касбӣ
2006 British School of Language, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Деҳлӣ
-Сертификат (grade A)
Маълумотҳои иловагӣ:
-Ӯҳдадори ҳарбӣ мебошад (афсари эҳтиётӣ, лейтенант)
-Узви ҳақиқӣ, академики Академияи байналмилалии нақлиёт
-Узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон
-Малакаи кор бо компютерро дорад (барномаҳои: MS Windows, MS Word, MS Excel, MS Power Point)
Иштирок дар интихобот:
-Раиси Комиссияи ҳавзавии интихоботии №61-и ноҳияи Фирдавсӣ оид ба интихоботи вакилон ба
Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, соли 2017;
-Раиси Комиссияи ҳавзавии интихоботии №15-и ноҳияи Шоҳмансур оид ба интихоботи вакилон ба
Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, соли 2017;
-Раиси Комиссияи участкавии интихоботии №32 (Ҳавзаи Фирдавсӣ 1)-и ноҳияи Синои ш. Душанбе оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2020.