ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Рух додани якчанд ҳодисаи нохуши нақлиётӣ дар давоми се рӯз

2023-06-13 05:02:56

Ба маълумоти Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 10-уми июни соли 2023,  дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Кӯлоб, дар ҳудуди ноҳияи Данғара, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ки  аз самти шаҳри Душанбе ба тарафи  шаҳри Кӯлоб ҳаракат мекард ба самти чапи роҳ баромада, автомашинаро чаппа намудааст. Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи мазкур бо бардоштани ҷароҳатӣ  вазнин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Дар ин р
ўз садамаи дигар аз тарафи кормандони милитсия дар роҳи мошингарди «Ашт-Хуҷанд» ба қайд гирифта шуд. Гуфта мешавад ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», сокини шаҳри Хуҷанд, дар 56 км роҳи мошингарди «Ашт-Хуҷанд» аз роҳ баромада, мошин чаппа шудааст. Ин ҳодиса сабаби марги ронанда гардидааст.   
9-уми июни соли
ҷорӣ  ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра»,   сокини ноҳияи Б.Ғафуров, зимни ҳаракат дар роҳи мошингарди «Конибодом-Деҳмой» дар ҳудуди шаҳри Конибодом бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард марди 53 сола, сокини шаҳри Конибодомро, ки аз тарафи рост ба чаппи роҳ мегузашт, пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард   дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин дар ин рўз  ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Элантра»,  ки дар роҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» аракат мекард дар 120 км  мавзеи Чореи ноҳияи Айнӣ, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада ба ҷарӣ чаппа ва  ба дарёи «Фон-Дарё» ғарқ шудааст.
10-уми июн соли
ҷорӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс»,  зимни ҳаракат аз  тарафи ноҳияи  Ёвон ба самти ноҳияи Рӯдакӣ,  дар роҳи мошингарди “Душанбе-Ёвон”  аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори бетонии канори роҳ бархӯрда, ки ин ҳодиса боиси  чаппа шудани воситаи нақлиёт гардид.  Дар ҳодиса 2 мусофири автомашинаи мазкур ҳалок ва  ронанда бо бардоштани ҷароҳат дар беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ бистарӣ гардидааст.
  Садамаи дигари маргбор 11-уми июн дар ро
ҳи мошингарди “Душанбе-Турсунзода”, аз ҷониби кормандони милитсия ба ќайд гирифта шуд. Ба иттиллои сомонаи Вазорати корҳои дохилаи кишвар ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Хайрландер», зимни ҳаракат  дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Пахтаободи шаҳри Турсунзода аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аввал ба автомашинаи тамғаи “Дэу-Дамас”, сипас ба автомашинаи тамғаи “Дэу-Матиз”,  бархӯрдааст. Ин ҳодиса сабаби марги марги ду мусофир шуд.