ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Шӯъбаи рушди хизматрасониҳои логистикӣ, лоиҳаҳо ва равобити байналмилалӣ

          Cохтори таркибии Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” буда вазифаҳои пешбурди самти логистикӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва сиёсати равобити байналмилалиро дар муассиса ба анҷом мерасонад.

          Шӯъба дар самтҳои муқарраргардидаи фаъолият вазифаҳои зайлро анҷом медиҳад:

- идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои дохили ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ дар самти хизматрасонии нақлиётӣ ва логистикӣ;

- иштирок ва ҳамкорӣ дар таҳияи нақшаи рушди соҳаи хизматрасонии нақлиётӣ ва логистикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи онҳо дар асоси барномаҳо ва лоиҳаҳои мақсадноки давлатӣ, миллӣ ва байналмилалӣ;

- иштирок ва ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи давлатӣ ва бахши хусусӣ дар банақшагирӣ ва мониторинги барномаҳое, ки ба истифодаи рақобатнок ва самарабахши захираҳо ва баланд бардоштани самаранокии кори системаи хизматрасонии нақлиётӣ мусоидат мекунанд;

- таҳияи пешниҳодҳо оид ба ташаккул ва такмили фаъолияти соҳаи хизматрасонии нақлиётӣ;

- таъмини ҳуҷҷатҳои асосии  интиқоли бор дар самти байналмилалӣ (борхат ва роҳхатҳои намунаи байналмилалии 5Б-БМ, CMR, тахографи рақамӣ ва ғ.);

- гузаронидани таҳлилҳо ҷиҳати муайян намудани  эҳтиёҷоти инвеститсионии соҳаҳои хизматрасонии нақлиётӣ ва логистика, иштирок дар таҳияи барномаҳои дарозмӯҳлати давлатии сармоягузорӣ;

- мусоидат ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолият дар соҳаи хизматрасонии нақлиётӣ дар бозори байналмилалию дохилӣ ва ҷалб намудани сармоягузории хориҷӣ;

- мусоидат ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи хизматрасонии нақлиётӣ.

Роҳбарии шуъба ба зиммаи Ғуломзода К.Ҳ. гузошта шудааст.