ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Дар шаҳри Душанбе хатсайри нав кушода мешавад.

2022-05-19 11:12:46

       Тибқи иттилоъи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз санаи 23-майи соли 2022 хатсайри  нави автобуси №27 ( Муассисаи таълимии ғайридавлатии колеҷи тиббӣ-терминали Ҷанубӣ) ба фаъолият оғоз менамояд. Автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути кӯчаву хиёбонҳои Истиқлол-2, Машъал, А. Қаҳоров, А. Ҷомӣ, Н. Қарабоев, А.Фирдавсӣ, Қосимов, Ҷанубӣ, шоҳроҳи Душанбе-Бохтар то Терминали Ҷанубӣ ҳаракат менамоянд. Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири тамғаи "KING LONG" истифода баранд. Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.