ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ба амал омадани сел дар назар аст

2023-06-23 04:13:36

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. 23-24 июн дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба амал омадани зуҳуроти сели пиряхӣ пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба амал омадани зуҳуроти сели хусусияти маҳаллӣ дошта аз эҳтимол дур нест. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо шиддати 4-9 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12+17 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво 1+6 дараҷа ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст.Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар буда, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа, рӯзона 33+38 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм хоҳад шуд.Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 24+29 ва рӯзона 40+45 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 20+25 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад.Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгўӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония вазида, дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25, рӯзона 36+41 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 22+24 дараҷа ва рӯзона 39+41 дараҷа гарм мешавад.