Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд
2023-07-04 12:00:11
4 июли соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар шакли видеоконфронс баргузор шуд, иштирок намуданд.Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай масоили вобаста ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи судмандро дар доираи Созмон баррасӣ карда, оид ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти пешбурди минбаъдаи ҳамкориро дар чорчӯби Созмон бар асоси амалҳои ҳамоҳангшуда ва усулҳои эҳтироми ҳамдигарӣ ва манфиатҳои муштарак таъкид намуданд.Президенти Тоҷикистон тазаккур доданд, ки таваҷҷуҳи афзояндаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Созмони ҳамкории Шанхай, ки ҳампайвандии беназири тамаддунҳо ва фарҳангҳоро таҷассум менамояд, далели ҷолибияти баланди он мебошад. Дар ин замина Пешвои миллат таҳияи консепсияи тавсеаи минбаъдаи Созмони ҳамкории Шанхайро барои давраи миёнамуҳлат пешниҳод намуданд.Сарвари давлати мо дар бахши амният аз таҳдидҳои афзояндаи терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ, инчунин тамоюли афзоиши гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ дар қаламрави Созмони ҳамкории Шанхай ёдовар шуданд. Дар замина муҳимияти татбиқи босамари «Барномаи ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ то соли 2024», ки соли 2021 дар шаҳри Душанбе қабул шуда буд, инчунин идомаи тадбирҳои маҷмӯӣ оид ба такмили заминаи меъёрию ҳуқуқӣ, ки таъсиси сохтори алоҳидаи зиддимухаддиротии Созмонро дар пойтахти Тоҷикистон дар назар дорад, таъкид гардид.
Бознашр аз khovar.tj
Бознашр аз khovar.tj