ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Боздиди Вазири нақлиёт аз муассисаҳои нақлиёти боркашонии Хуҷанд

2023-07-05 11:23:49

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар рафти сафари корӣ ба вилояти Суғд рӯзи 1 июл аз корхонаҳои нақлиётии Хуҷанд – ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Сайёд", "Сорбон" ва "Акмал", ки бо ҳамлу нақли борҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ машғуланд,  боздид намуд. Азим Иброҳим назару пешниҳодоти роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои нақлиётиро шунида, бо онҳо масъалаҳои ҳалталаби соҳаи боркашонӣ, аз ҷумла боркашонии байналмилалиро муҳокима кард. Дар сӯҳбат бо интиқолдиҳандагони хусусӣ мавзӯъҳои марбут ба  танзиму тасвияти низоми боркашонӣ, рақамикунонии соҳа, истифодаи технологияҳои нав, васеъ кардани ҷуғрофияи боркашонӣ, риояи меъёрҳо ва қоидаҳо, ҳалли мушкилоти интиқоли бор аз як терминал ба терминали дигар, беҳтар сохтани  сифати хизматрасонӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.
                                                                                                                                                                  Бознашр аз сомонаи 
mintrans.tj