ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Бахшида ба Рӯзи ҷавонон

2022-05-23 04:41:57

       Ба муносибати  Рўзи ҷавонони Тоҷикистон дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 20-май вохурии ҷавонони соҳаи нақлиёт таҳти шиори «Ҷавонон ояндаи миллатанд», бо иштироки вазири нақлиёт Азим Иброҳим, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло ва намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид. Дар оғози ҷамъомад вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷавонони Вазорати нақлиётро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфта, оид ба омӯзиши таъриху фарҳанги ниёгонамон ва махсусан хондани китоби безаволи "Тоҷикон" , ки бевосита бо дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон бознашр гардидааст таъкид намуданд. Қайд карда шуд, ки дар замони муосир ҷавонон бояд аз илмҳои замонавӣ ва донистани забонҳои хориҷӣ огоҳ бошанд ва манфиатҳои давлатиро дар мадди аввал гузоранд.
      Сипас Раҳмонзода Абдулло аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тарбияи ҷавонон, дастгирии ҷавонону наврасон барои иштирок дар мусобиқоту озмунҳои байналмилалӣ, роҳҳои пешгирии экстремизму терроризм ва дигар масоили вобаста ба ҷавонон ҳарф зада, ҷавонони соҳаро ба пешбурди ҳаёти солим ва пойдории сулҳу суботи кишвар даъват намуд.   Дар ҳамоиш ҳамчунин кормандони ҷавони соҳа Азизаи Имомалӣ ва Хуршед Азимзода аз қадрдониву ғамхориҳои роҳбарияти кишвар дар ҳаққи ҷавонон арзи сипос намуда, ҳамкасбонашонро бо Рӯзи ҷавонон табрик гуфтанд. Дар фарҷоми ҷаласа як қатор ҷавонони соҳа барои иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти кори соҳа бо Сипосномаи Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва Ифтихорномаи Вазорати нақлиёт қадрдонӣ гардиданд. Аз ҷумла аз Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ"-и Вазорати нақлиёт Ёров Оятулло Иззатуллоевич сармутахассиси шуъбаи танзими боркашонӣ, мусофирбарӣ,фаъолияти нақлиётӣ-экспедитсионӣ ва назорати бехатарӣ бо мукофоти пулӣ ва сипосномаи Вазорати нақлиёт қадрдонӣ гардид.