ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Баррасии ташаббуси Тоҷикистон оид ба таъсиси Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ

2023-07-13 10:17:09

12 июл дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд - 2023 (Hi Level Political forum) таҳти сарпарастии ECOSOC ООН (Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ) ҳамоиш - конфронси видеоӣ  оид ба муаррифӣ ва муҳокимаи ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ба маълумоти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоиш бо сухани ифтитоҳӣ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим  оғоз ёфт. Дар идома Азим Иброҳим ба Муовини Дабири Кулли СММ, Намояндаи олӣ оид ба кишварҳои рў ба тараққӣ, кишварҳои тараққикарда ва кишварҳои ба бандарҳои баҳрӣ даст надошта, хонум Рабаб Фотима ва раиси Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид хонум Лачезара Стоева  барои  мусоидат  ба баргузории ин ҳамоиш сипосгузорӣ намуд. Сипас,  Азим Иброҳим ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба таъсиси Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ дар Душанбе дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон намуд. Дар ҳамоиш  муовини Дабири Кулли СММ, хонум Рабаб Фотима  тариқи маҷозӣ   ширкат варзида, аз ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ  ва онро саривақтӣ  арзёбӣ намуд. Дар панели Форуми сиёсии сатҳи баланд  инчунин, Дабири Кулли Котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматӣ (TRACECA), Котиби масъули Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиётӣ низ суханронӣ  намуда аз ташаббуси Тоҷикистон чиҳати таъсиси Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ пазироӣ намуданд. Дар доираи  ҳамоиш масъалаҳои  вобаста ба “Рушди захираҳои инсонӣ - унсури муҳими СММ 2030”, “Рӯзномаи рушди устувор” ва Барномаи амали Вена, муносибати нави интегралӣ, ташкили таълими касбӣ дар соҳаҳои марбут ба нақлиёт низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки  иштирокчиёни  ҳамоиш назару пешниҳодоти худро дар робита ба мавзўҳои ҷойдошта баён намуданд. Маврид ба зикр аст, ки дар ин  ҳамоиш  намояндангони кишварҳои минтақа, корпусҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ дар СММ ва  муқими Ню-Йорк (ИМА), инчунин дигар ташкилоту  созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба таври маҷозӣ иштирок намуданд.