Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуданд
2023-07-14 06:25:51
14 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода, аъзои Ҳукумати кишвар, муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва роҳбарони як қатор идораву муассисаҳои давлатӣ машварати корӣ доир намуданд. Дар кори машварат масъалаҳои вобаста ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, раванди ташаккулёбии буҷети давлатӣ ва тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ мавриди баррасӣ қарорда шуд . Аз ҷумла, оид ба васеъ намудани имкониятҳои ташаккулдиҳии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва хизматрасониҳо, баланд бардоштани рақобатнокии корхонаҳои саноатии мамлакат, зиёд намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ, мукаммалсозии қонунгузорӣ дар самти сармоягузорӣ ва беҳтар гардони мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон даррадбандии соз монҳои байналмилалӣ муҳокимаронӣ доир гардид. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба таъмин намудани ни шондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат, иҷрои саривақтӣ ва босифати буҷети давлатӣ, рушди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъмин намудани суръати баланди интернет ва дастрас будани нархи он барои рушди иқтисоди рақамӣ, ҷалби бештари сармоягузориҳо, хусусан сармояи мустақим ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Манбаъ:president.tj
Манбаъ:president.tj