ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

ПАРДОХТИ ҒАЙРИНАҚДӢ ОМИЛИ РУШДИ ИҚТИСОД ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

2023-08-03 06:27:02

Муассисаи давлатии «Нақлиёти атомобилӣ  ва хизматрасонии логистикӣ», вобаста ба амалишавии иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон от 22 июни соли 2023, №586 «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайри нақдӣ» амалиётҳои даромад ва хароҷотро аз 01.07.2023 сол тариқи  ғайринақдӣ ба роҳ мондааст. Муассиса, ҳамзамон ҷиҳати дастрас намудани 25 адад «пост-терминал»  ба  ҶСК «Ориёнбонк» муроҷиат намудааст. Бояд тазакур дод, ки гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш дода, навбатпоиро дар назди банкомат  барои гирифтани пули нақд аз байн бурда, боиси сарфаи вақту хароҷоти иловагии аҳолӣ мегардад. Инчунин, ғайринақдӣ гардонидани раванди пардохтҳо аҳаммияти муҳими иқтисодӣ дошта, истифодаи воситаҳои пардохти ғайринақдӣ ҳангоми анҷом додани пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ин равандро осон ва қулай мегардонад.