ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

БА ДИҚҚАТИ ИНТИҚОЛДИҲАНДАГОН! Полша қоидаҳои ҳаракат дар роҳро тағйир дод

2023-08-04 03:32:07

Аз 1 июли соли 2023 дар Полша  қоидаҳои наве ҷорӣ шуданд, ки тибқи онҳо мошинҳои боркаш наметавонанд ҳангоми ҳаракат аз воситаҳои дигари нақлиёт пеш гузаранд.   Мутобиқи қонун аз  26 майи соли 2023 дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонун дар бораи роҳҳои пулакӣ ва  Бунёди миллии роҳҳо ва баъзе санадҳои дигар, ба моддаҳои 16 ва 24 Қонуни ҳаракати роҳ тағйирот илова карда шуд.Санаде, ки Президенти Полша Анджей Дуда имзо кардааст, пеш гузаштани мошинҳои боркашро аз дигар воситаҳои нақлиёт, ки дар  шоҳроҳҳои баландсуръат ҳаракат мекунанд, манъ мекунад. Гузаштан иҷозат дода мешавад, "агар суръати ҳаракати ин воситаҳои нақлиёт нисбат ба маҳдудияти суръат барои мошинҳои категорияҳои N2 ё N3 ба таври назаррас камтар бошад." Тавре ассотсиатсияи ZMPD-и Полша шарҳ дод, манъи гузаштан аз дигар воситаҳои нақлиёт дар шоҳроҳҳо (A) ва шоҳроҳҳои баландсуръат (S) амал хоҳад кард, ки дар он ҷо якчанд хатҳо барои ҳаракат ба як ҷониб пешбинӣ шудаанд.  Қоидаи нави ҳаракати роҳ ба мошинҳои боркаш бо вазни ҳадди аксар иҷозатдодашуда аз 3,5 тонна (категорияҳои N2 ва N3), инчунин ба таркиби воситаҳои нақлиёт бо дарозии зиёда аз 7 метр дахл дорад. Аз 1 июли соли 2023 ба онҳо  пеш гузаштан аз  дигар воситаҳои нақлиёт дар шоҳроҳҳо манъ карда мешавад. Аммо, дар ин муқаррарот истисноҳо низ пешбинӣ шудаанд.Аз ҷумла, дар роҳҳои иборат аз ду хатти ҳаракат ба як тараф, ба мошини боркаш иҷозат дода мешавад, ки аз рост ба чап аз воситаи нақлиёт пеш гузарад, агар ин воситаи нақлиёт бо суръати хеле камтар ҳаракат кунад. Дар маҷмӯъ, мошини боркаш бояд дар хати рост бошад.Ҳамзамон, дар ин ҳолат мушаххас карда нашудааст, ки фарқияти   суръати ҳаракат бояд чӣ қадар бошад, то мошини боркаш тавонад аз воситаи нақлиёти дигар пеш гузарад.Илова бар ин, пеш гузаштани мошинҳои хадамоти роҳ, ки корҳои тозакунӣ, таъмир ё навсозии роҳро иҷро мекунанд ва аломати зард доранд, иҷозат дода мешавад.Дар мавриди шоҳроҳҳо бо се хатти яктарафа, мошини боркаш  метавонад дар хатти рост ва миёна ҳаракат кунад ва умуман хатти чапро истифода бурда наметавонад. Аз роҳи миёна гузаштани воситаи нақлиёти дигар иҷозат дода мешавад, то ки мошини боркаш дубора ба роҳи рост баргардад.
                                                                                                                                                                 Бознашр аз 
www.mintrans.tj