Дар шаҳри Бохтар шуруъ аз моҳи сентябр автобусҳои мусофиркашон ба аҳолӣ хизмат мерасонанд
2023-08-09 03:47:43
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, нақлиёти мусофирбари автобус мавриди истифодаи сокинон ва меҳмонони шаҳр қарор мегиранд. Айни замон дар доираи лоиҳаи «Рушди нақлиёти мусофиркашони Хатлон» 15 автобус аз 41 автобуси нақшавӣ, ки истеҳсоли ватанӣ мебошанд, ба шаҳри Бохтар расиданд. Рӯзҳои наздик боз 26 автобуси дигар вориди шаҳр хоҳанд шуд. Аз ин шумора 20 адад дар хатсайри дохилӣ ва 20 адад дар хастсайри байни шаҳрӣ ба сокинон ва меҳмонон хизмат мерасонанд. Гуфта мешавад, ки пардохти роҳкирои автобусҳо ғайри нақдӣ буда, бо ин мақсад алакай 40 ҳазор корт дастрас шудааст.