ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Шанбегӣ баҳри ободонӣ

2023-08-14 06:52:13

12-уми августи  соли 2023,  кормандони «Муассисаи давлатии нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар доираи нақша чорабиниҳои тасдиқгардидаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шанбегии дастаҷамъона гузарониданд. Дар рафти шанбегӣ атрофи идораву утоқҳои корӣ тозаву озода ва бехи гулу дарахтон нарм карда шуданд. Бояд тазаккур дод, ки шанбегиҳо минбаъд низ ҷиҳати ободу зебо гардонидани пойтахти кишвар идома хоҳанд ёфт.