Эй сорбон, оҳиста рон!
2023-08-15 10:39:38
12-уми августи соли
2023, дар натиҷаи ду садамаи роҳу нақлиётӣ 2 нафар ҳалок ва
4 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои
дохилаи кишвар, ронандаи автомашинаи
тамғаи «Мерседес-Бенс-180», зимни ҳаракат аз самти маҳаллаи 34-ум ба тарафи маҳаллаи
31-уми шаҳри Хуҷанд, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба пойдевори
истгоҳи «Наврӯзгоҳ» бархӯрдааст. Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур, дар
ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Садамаи дигар рўзи 12-уми август дар шоҳроҳи «Ваҳдат-Рашт-Лахш», аз ҷониби кормандони милитсия бақайд гирифта шуд. Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», ба самти муқобил ҳаракат намуда, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», бархурдааст. Ин ҳодиса сабаби фавти як нафар ва ҷароҳатбардории 3 мусофири дигари автомашинаи мазкур шудааст. Бинобар ин, аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ба пуррагӣ риоя намоянд.