ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Қоҳир Расулзода бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи сохтмон ва навсозии роҳи автомобилгарди Роғун-Обигарм-Нуробод шинос шуд.

2022-05-26 06:13:46

       "Татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёт имкон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ табдил ёфта, ба бандарҳои ҷаҳонӣ пайваст шавад. Лоиҳаи сохтмон ва навсозии роҳи автомобилгарди Роғун-Обигарм-Нуробод бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд татбиқ карда шуда, ҳаммоҳангсози лоиҳа Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо мебошад. Роҳи мазкур дар қисмати шарқии Тоҷикистон ҷойгир буда, пойтахти мамлакатро бо ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш пайваст менамояд ва яке аз дарвозаҳои асосӣ барои пайваст намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ маҳсуб мешавад. Мутобиқи талаботи замон сохта, мавриди истифода қарор додани роҳи автомобилгарди Роғун-Обигарм-Нуробод ба таъмин намудани бехатарӣ ва ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани ҳолат ва андозаҳои геометрии роҳ, инчунин сарфа намудани вақт ва сузишворӣ, интиқоли молҳои мавриди ниёзи мардум дар ҳама фаслҳои сол ва дар маҷмуъ, ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум замина мегузорад. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмону навсозии роҳи автомобилгарди Роғун-Обигарм-Нуробод ва мулоқот бо мутахассисони дохилию шарикони рушд таъкид намуд, ки минтақае, ки роҳ бунёд карда мешавад, куҳсор буда, дар мавсими боришоту сардӣ имкони бо суръат ҷараён додани корҳои сохтмонӣ имконнопазир аст. Вобаста ба ин масъулон барои дар якҷоягӣ боз ҳам тақвият бахшидани корҳои сохтмону навсозӣ ва ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ мондани фаъолияти кормандон вазифадор гаштанд"-иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.