Иқтибос аз “Қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба шакли роҳхатҳо, тартиби баровардан, пур намудан, истифода ва коркарди онҳо”
2023-09-06 13:30:40
Ҷиҳати риоя ва таъмини иҷрои
санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, аз ҷумла тартиби истифодабарии варақаҳои роҳхат
аз бандҳои дахлдори Қоидаҳо иқтибос пешниҳод карда мешавад.
Мутобиқи бандҳои дахлдори “Қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба шакли роҳхатҳо, тартиби баровардан, пур намудан, истифода ва коркарди онҳо”, ки бо фармоиши вазири нақлиёти Чумҳурии Тоҷикистон аз «31» декабри соли 2020, №241 тасдиқ шуда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №625 “в” аз 11. 06. 2021 сол ба қайди давлатӣ гирифта шудааст) тартиби тайёр, пур намудан, истифода ва коркард намудани роҳхатҳоро муайян кардааст.
Истифодаи Қоидаҳо барои ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ (минбаъд Интиқолдиҳанда) ҳангоми амали намудани ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ ҳатмӣ мебошад.
Тибқи сархати 4 банди 1 Қоидаҳо роҳхат ҳуҷҷати ибтидоие мебошад, ки барои баҳисобгирӣ ва назорати кори воситаи нақлиёти автомобилӣ ва ронанда ҳангоми ҳамлу нақл, аз ҷумла барои бақайдгириии натиҷаи санҷиши мутобиқати ронанда ва воситаи нақлиёти автомобилӣ ба талаботи бехатарӣ пешбини гардида, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ бо тартиби муқарраргардида омода ва ба Интиқолдиҳанда пешниҳод мегардад.
Роҳхатҳо тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, №32 дар асоси дархости мақоми ваколатдори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ тайёр карда шуда, дорои силсила ва рақами типографӣ мебошанд. Дар роҳхат сикка бо навиштаҷоти мақоми ваколатдор гузошта мешавад.
Истифодабарии шаклҳои варақаи роҳхати намунаи тасдиқшуда, барои Интиқолдиҳандагон, ки ҳамлу нақли бору мусофирон ва бағоҷро бо баромадан ба роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум иҷро менамоянд, ҳатмӣ мебошад.
Мақоми ваколатдори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Интиқолдиҳандагонро дар асоси дархост бо шаклҳои варақаи роҳхат таъмин менамояд.
Роҳхат дар шаклҳои №1-А (автобус), №2-Б (боркаш), №3-С (сабукрав), №Т(1-АД) (троллейбус (автобус)) барои воситаҳои нақлиёти мусофирбарие, ки вобаста ба хусусияти корияшон ба ин шакли роҳхат эҳтиёҷ доранд, №4А-М-БМ (байналмилалӣ бо автобус), №5-Б-БМ (боркаши байналмилалӣ) ва роҳхати электронии шакли “е-роҳхат” истифода мешаванд. Ба ронанда роҳхатҳои шакли №1-А (автобус) барои хатсайрҳои шаҳрӣ наздишаҳрӣ ва байнишаҳрӣ ба муҳлати то 3 рўз, №2-Б (боркаш) ба муҳлати то 7 рўз, №3-С (сабукрав) ба муҳлати то 3 рўз, №Т(1-АД) троллейбус (автобус) ба муҳлати 1 рўз, №4А-М-БМ (байналмилалӣ бо автобус) ва №5Б-БМ (боркаши байналмилалӣ) барои як гардиш аз ҷониби шахси масъули Интиқолдиҳанда дода мешаванд.
Роҳхат барои ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбар ва боркаши байналмилалӣ танҳо дар ҳолати мавҷуд будани варақаи назоратии воситаи нақлиёт ва раводиди давлатҳои хориҷие, ки аз он ин нақлиёти автомобилӣ мегузарад, дода мешавад. Роҳхат дар хатсайри байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ барои як гардиши пурра, аз замони аз ҳудуди Интиқолдиҳанда (аз ҷумҳурӣ баромадан ба давлатҳои хориҷӣ) то замони баргаштан ба ҳудуди Интиқолдиҳанда, ки муҳлати иҷрои он аз як рўз зиёдтар аст истифода бурда, дар ин маврид муҳлати он ба як гардиш баробар мешавад.
Дар шакли №4А-М-БМ (байналмилалӣ бо автобус) ва №5-Б-БМ (боркаши байналмилалӣ) навиштаҷот ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ навишта шудаанд. Дар рўи роҳхат рахи сурхи диагоналӣ бо навиштаҷоти типографии «ҲАМЛУ НАҚЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ» ва дар пушти он - «INTERNATIONAL TRANSPORTATIONS» аз болои навиштаҷот чоп шудааст.
Ронанда роҳхатро ҳангоми фаъолият бо худ дошта, онро бо талаби кормандони муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш менамояд.
Роҳхат инчунин барои воситаҳои нақлиёти боркаш дар хатсайрҳои байнишаҳрӣ, ки муҳлати иҷрои як гардиши онҳо аз 7 рўз зиёдтар аст, истифода бурда мешаванд. Муҳлати истифодаи роҳхат дар ин вақт ба муҳлати як гардиш баробар мешавад.
Ҳамаи ронадагони Интиқолдиҳанда, ҳангоми иҷро намудани ҳамлу нақли бору мусофирон ва бағоҷ бо баромадан ба роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум бояд шакли роҳхати мувофиқ дошта бошанд.
Амалӣ намудани ҳамлу нақли бору мусофирон ва баѓо тавассути воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бе барасмиятдарории роҳхат манъ аст.
Роҳхат дар Интиқолдиҳанда нигоҳ дошта шуда, шахсони масъул дар Тоҷикистон барои коркард супорида мешаванд ва дар асоси асоси фармоиши роҳбарияти он барои додан ва хонапур намудани шаклҳои роҳхат вобаста карда мешаванд.
Шаклҳои варақаи роҳхати истифодашуда аз ҷониби шахсони масъули Интиқолдиҳанда дар муҳлати муайяншуда ба марказҳои ҳисоббарорӣ ва иттилоотии мақоми ваколатдори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии табуляграммаи коркарди электронии ин марказҳо ба сохторҳои дахлдор ҳисобот пешниҳод карда мешаванд.
Роҳхатҳо дар асоси Қоидаҳои мазкур пур карда мешавад. Ронанда дар вақти пур намудани ягон сатр ва сутуни варақаи роҳхат иштирок намекунад, танҳо ҳангоми қабули автомобили коршоям аз механики назоратии Интиқолдиҳанда ва супоридани он дар ҷои муайян имзо менамояд.
Дар сатри «Қайди махсус»-и варақаи роҳхат қайдҳои махсус аз тарафи кормандони муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нозирони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти ва Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта мешавад.