ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ. Он аз рӯи натоиҷи Вохурии якуми вазирони нақлиёти кишварҳои Осиёи Миёна қабул гардид
2023-09-13 11:24:18
Рӯзи чоршанбе, 13 сентябр, дар доираи мулоқоти Панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ нахустин Вохӯрии вазирони нақлиёти кишварҳои ОМ баргузор гардид, ки аз рӯи натиҷаҳои он Эъломияи Душанбе қабул гардид. Дар зер матни пурраи ин санад оварда шудааст. Сарони вазорату идораҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки барои соҳаи нақлиёт (минбаъд - Ҷонибҳо) масъуланд,бо роҳнамоии вазифаи аз ҷониби Сарони Давлатҳои Осиёи Марказӣ гузошташуда оид ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва татбиқи иқтидори бузурги нақлиётию транзитии минтақа, бо назардошти муқаррароти харитаи Роҳ оид ба рушди ҳамкориҳои минтақавӣ барои солҳои 2022-2024, ки аз ҷониби Сарони Давлатҳои Осиёи Марказӣ 21 июли соли 2022 дар шаҳри Чолпон-Ота тасдиқ шудааст, аз рӯи натиҷаҳои Вохӯрии нахустини вазирони нақлиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки 13 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе дар доираи Мулоқоти панҷуми машваратии Сарони Давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид,чунин изҳор мекунанд:
Ҷонибҳо нақши муҳими нақлиёт ва логистикаро дар таъмини тиҷорати байналмилалӣ ва робитаи байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун асос барои пешбурди тиҷорати муваффақи байналмилалӣ, равнақи иқтисодиёт ва рушди устувор эътироф мекунанд.Ҷонибҳо аҳамияти ҳалли масъалаҳои ҷорӣ ва бамиёномадаро бо мақсади нигоҳдорӣ ва рушди хизматрасониҳои нақлиётии байнимодалӣ ва мултимодалии фаромарзӣ ва транзитӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин тақвият ва тавсеаи имкониятҳои занҷири таъминот барои кишварҳои минтақа тавассути долонҳои мултимодалӣ зикр мекунанд. Ҷонибҳо зарурати истифодаи васеи имкониятҳои хизматрасонии логистикии кишварҳои Осиёи Марказиро ҷиҳатии таъмини ҳамбастагӣ дар соҳаи нақлиёт байни давлатҳои минтақа ва дигар кишварҳо эътироф мекунанд.Ҷонибҳо бо истифода аз платформаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, ки ҳадафи онҳо рушд ва такмил додани хатсайрҳои ҳамгирошудаи нақлиётӣ ва иртибот байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо мебошад, ҳамкориро тақвият хоҳанд дод.Ҷонибҳо иқтидори гурӯҳҳои кории дуҷонибаро ҳамчун воситаи муҳими рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика дар минтақа афзоиш медиҳанд. Ҷонибҳо минбаъд низ барои рушди хизматрасониҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, таъсиси анборҳо, иқтидорҳои истеҳсолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади таҳкими робитаҳои тиҷоратии байни давлатҳои минтақа ва дигар кишварҳо шароити зарурӣ фароҳам меоранд.Ҷонибҳо минбаъд низ ба рушди хизматрасониҳои нақлиетӣ ва логистикӣ, инчунин иқтидорҳои истеҳсолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади таҳкими робитаҳои тиҷоратии байни давлатҳои минтақа ва дигар кишварҳо мусоидат хоҳанд кард.
Имзо карданд:
Аз ҷониби Ҷумҳурии Қазоқистон: Марат Қарабоев
Аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон:
Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон: Азим Иброҳим
Аз ҷониби Туркманистон: Мамметхон Чакиев
Аз ҷониби Ҷумҳурии Узбекистон: Илҳом Маҳқамов
Манбаъ:www.mintrans.tj