ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Намояндаи Тоҷикистон дар нишасти вазирони нақлиёт дар Чин иштирок намуд

2023-09-29 11:37:52

25-26 сентябр дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар чаҳорчӯби Форуми ҷаҳонии нақлиёти устувор нахустин нишасти вазирони нақлиёт дар қолаби «Чин-Осиёи Марказӣ» баргузор шуд, ки дар он Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим иштирок намуд. Ба маълумоти  Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ дар нишаст масъалаҳои рушди ҳамкории нақлиётиву иртиботӣ байни Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ, эҷоди долонҳои кӯтоҳу мусоиди нақлиётӣ ва афзоиши ҳамлу нақли транзитӣ баррасӣ шуд. Бо мақсади татбиқи муштараки тавофуқҳое, ки дар ҷаласаи аввали вазирони нақлиёт дар қолаби «Чин-Осиёи Марказӣ» ҳосил шуда буданд ва ҳамзамон ҷиҳати ҳавасманднамоии ҳамкории фаъоли Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи нақлиёт дар чаҳорчӯби «Як камарбанд, як роҳ» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Гуфта мешавад, ки ҳаҷми тиҷорати хориҷии Чин бо панҷ давлати  ин минтақа соли 2022 дар муқоиса бо соли 2021 тақрибан ду баробар афзуда, ба 70 миллиард доллар расидааст.