ФОРУМИ ҶАҲОНИИ НАҚЛИЁТИ УСТУВОР-2023. China Communication Construction Company ва China International Constructors Association чорабинии мувозӣ доир намуданд
2023-10-02 06:02:17
26 сентябр дар идомаи тадбирҳои «Форуми ҷаҳонии нақлиёти устувор -2023», ки дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат гирифт, чорабинии
мувозӣ дар мавзӯи «Алоқаи инфрасохтории баландсифат барои рушди иқтисодии минтақавии ба ҳам алоқаманд» баргузор шуд. Дар ин ҳамоиш ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири нақдлиёти кишвар Азим Иброҳим ширкат намуд. Ҳамоиши мазкурро Ширкати Сохтмонии Коммуникатсионии Чин (China Communication Construction Company, CCCC) ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Сохтмончиёни Чин (China International Constructors Association, CHINCA) роҳандозӣ намуданд. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни суханронӣ дар ин ҳамоиш таваҷҷуҳи ҳозиринро ба он ҷалб намуд, ки айни замон иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон ва минтақаҳои алоҳидаи он дар давраи мутобиқшавӣ ба шароити зудтағйиребанда қарор доранд. «Занҷирҳои логистикӣ, шароити гузаргоҳҳои нақлиётӣ тағйир меебанд, ки на ҳамеша инфрасохтори нақлиётӣ ба талаботи он ҷавобгӯ мебошанд. Дар робита ба ин, масъалаи самаранокии татбиқи лоиҳаҳо оид ба таъсиси иншооти нави инфрасохторӣ, таҷдид, таъмир ва нигоҳдории иншооти мавҷуда ба миён меояд», - изҳор дошт ӯ. Вобаста ба ин Азим Иброҳим тазаккур дод, ки барои рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, ки аз қаламрави Тоҷикистон мегузаранд, навсозӣ, муҷаҳҳазсозии техникӣ, сохтмони нави унсурҳои асосӣ ва ёрирасони инфрасохтор, инчунин истифодаи онҳо тибқи шартномаҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудаанд. Вазири нақлиёти Тоҷикистон ба ҳозирин оид ба рафти корҳо ва нақшаҳои минбаъдаи Тоҷикистон ҷиҳати рушди инфрасохторҳои нақлиётӣ, таҷдид ва бунёди роҳҳҳои автомобилгард, аз ҷумла бо иштироки ширкатҳои чинӣ маълумоти мухтасар дод. Вазир инчунин дар барои мавқеи ҷуғрофӣ ва геоиқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иқтидори бузурги транзитиро ба вуҷуд меорад, ёдрас шуда, аҳамияти муҳими долони мултимодалии «Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия-Аврупо»-ро барои пайвастшави бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ва эҳёи Роҳи Бузурги Абрешим таъқид намуд. Дар фарҷоми ҳамоиш Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим иброз дошт, ки нақлиёт, бешубҳа, қувваи пешбарандаи рушди иқтисодӣ мебошад, аммо нигоҳ доштани ҳолати системаи роҳу нақлиёт дар сатҳи зарурӣ сармоягузории назарраси молиявӣ ва кӯшишҳои муштаракро талаб мекунад. Аз ин рӯ, аз ҳамаи кишварҳои минтақа, ширкатҳои манфиатдор ва сармоягузорон даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамкориҳоро барои гузаронидани таҳқиқот дар соҳаи рушд ва муҷаҳҳазгардонии техникии долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва инфрасохтори онҳо, татбиқи технологияҳои иттилоотӣ, инчунин ташкили системаҳои хидматрасонии логистикии нақлиёт дар доираи долонҳои байналмилалии нақлиётиро тақвият бахшанд.Дар доираи сафари корӣ, ҷиҳати иштирок дар “Форуми ҷаҳонии нақлиёти устувор -2023” бо даъвати Ширкати чинӣ “China Road and Bridge Corporation” (CRBC) вохӯрии вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо роҳбарияти ширкати мазкур доир гардид. Дар вохӯрӣ нахуст Мудири ширкати мазкур Ван Луин Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳонашро хайрамақдам гуфта, барои қабули даъват ва ташрифашон изҳори сипос намуд. Ҷонибҳо дар рафти мулоқоти дуҷониба оид ба ҳамкориҳои муштарак, ҳалли мушкилиҳои мавҷуда, вусъат додани корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи “Қалъаи Хумб – Ванҷ” дар масири долони байналмилалии “Хитой-Тоҷикистон-Узбекистон- –Туркманистон -Эрон -Туркия - Аврупо” ибрози назар намуданд. Вазири нақлиёти ҶТ иттидлоъ дод, ширкати мазкур ҳоли ҳозир дар амалӣ гардидани 21 адад лоиҳаҳои инфрасохтори Тоҷикистон фаъолият намудааст. Дар баробари ин, аз роҳбарияти ширкат хоҳиш карда шуд, ки ҷиҳати саривақт ва бо сифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи автомобилгарди “Қалъаи Хумб -Ванҷ” диққати ҷиддӣ дода, онро то охири соли 2024 ба истифода диҳанд.Зимни вохӯрии дуҷониба роҳбарияти ширкат ҷиҳати вусъат додани ҳамкориҳо изҳори омодагӣ намуд.
Бознашр аз сомонаи mintrans.tj