ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

ФОРУМИ ҶАҲОНИИ НАҚЛИЁТИ УСТУВОР-2023. Вазири нақлиёти Тоҷикистон қабули барномаи махсуси рушди нақлиёт дар шароити кӯҳсорро дар доираи СММ пешниҳод намуд

2023-10-02 07:57:28

26 сентябри соли равон, дар доираи “Форуми ҷаҳонии  нақлиёти устувор-2023”, ки дар шаҳри Пекин (ҶМЧ) барзузор шуд, Мизи мудаввари вазирон дар мавзӯи “Идоракунии глобалӣ: сохтани шарикии глобалӣ” доир гардид, ки дар он вазирони нақлиёти зиёда аз 30 давлати дунё иштирок доштанд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар  суҳбати “мизи мудаввар” ба сухан баромада,  роҷеъ ба нақлиёти устувор ҳамчун системаи возеҳ ва муассир  изҳори назар намуд ва таъкид сохт, ки  системаи устувори нақлиёт бояд ба таъмини дастрасӣ ва қонеъ гардонидани талаботи одамон мусоидат намояд. Мавсуф ёдовар шуд, ки   дар доираи ҷаласаи умумии 70-уми сессияи 77-уми Ассамблеяи Генералии СММ, ки 16 майи соли 2023 баргузор шуд, қатъномае қабул гардид, ки тибқи он 26 ноябр Рӯзи Ҷаҳонии Нақлиёти Устувор эълон карда шуд.“Ташаббуси “Як камарбанд-як роҳ”имсол даҳсола мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии фаъол ва ҷонибдори боэътимоди ташаббуси Чин  мебошад. Мо яке аз аввалинҳо шуда, онро дастгирӣ кардем ва итминон дорем, ки  татбиқи он омили муҳими рушди устувори кишварҳои мо  хоҳад гардид»,- гуфт Азим Иброҳим.  Вазири нақлиётм Тоҷикистон диққати иштирокчиёни “мизи мудавар”- ро ба он ҷалб намуд, ки таъсиси шабакаи самараноки ҳамгирошудаи нақлиётӣ ҳамкории байналмилалиро талаб мекунад. Идома ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти комиссияҳои минтақавии Созмони Милали Муттаҳид қадами муҳим дар таъмини дурнамои мусоид барои ояндаи  соҳаи нақлиёт хоҳад буд, ки барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидат мекунад.
Масъалаи муҳиме, ки аз ҷониби Вазири нақлиёти ҶТ дар суҳбати “мизи мудавар” ба миён гузошта шуд, дастрасии нақлиёт дар шароити мушкили куҳсор мебошад. “Таъмини бехатарии интиқоли одамон ва борҳо ба чунин ҷойҳо масъалаи муҳим аст, ки муносибати сифатан навро талаб мекунад”, - афзуд Азим Иброҳим.  
 Вазири нақлиёти Тоҷикистон чунин мешуморад, ки бо назардошти аҳамияти нақши нақлиёт дар беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолии ноҳияҳои дорои шароити махсус қабули барномаи махсуси рушди нақлиёт дар шароити  кӯҳсор дар доираи СММ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Нақлиёти Устувор  мувофики мақсад хоҳад буд.
Инчунин, пешниҳод гардид, ки Барномаи махсуси сохтмон ва навсозии иншооти инфрасохтори нақлиётӣ ва канори роҳ, хусусан дар долонҳои байналмилалии нақлиётӣ қабул карда шавад.  “Мо ҳамеша омодаем ҳамкориҳои байналмилалиро дар бахши нақлиёт тибқи Рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030 тақвият бахшем”,-  гуфт дар интиҳои суханронии худ Азим Иброҳим.
                                                                                                                                                  
                   Бознашр аз сомонаи mintrans.tj