Эй сорбон, оҳиста рон!
2023-10-12 04:28:44
Сомонаи Вазорати корҳои
дохилаи кишвар аз рух додани се садамаи маргбор хабар дод.
Гуфта мешавад, 9-уми
октябри соли 2023, ронандаи автомашинаи тамғаи
“Мерседес-Бенс, ҳангоми ҳаракат
аз самти шаҳраки Оби гарм ба тарафи деҳаи
Қандак,
дар роҳи
сохтмонаш нотамоми “Оби гарм-Нуробод” аз уҳдаи
идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии
80 метр чаппа шудааст. Дар натиҷа, ронанда бо
бардоштани ҷароҳат
дар ҷойи
ҳодиса
ба ҳалокат
расидааст. Ҳамчунин
дар ин руз, ронандаи автомашинаи тамғаи
“Тайота-Ренур”, зимни ҳаракат дар 51-ум километри
ҳудуди
ноҳияи
Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт
набаромада, ба чуқурии
2 метр сарозер шуда, сипас, ба кӯҳпораи
тарафи чапи роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири автомашинаи мазкур, бо бардоштани ҷароҳат дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Садамаи дигари автомобилї 10-уми октябр дар роҳи автомобилгарди шаҳри Ваҳдат ба қайд гирифта шуд. Ба иттиллои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра дар 18-ум километри роҳи мошингарди деҳаи Чиртак аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард марди 37 соларо пахш намудааст.Дар натиҷа, пиёдагард зимни интиқол додан ба беморхона дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Коршиносон яке аз омили садамаҳои роҳу нақлиётиро ба зиёд намудани суръати воситаи нақлиёти автомобилӣ рабт медиҳанд. Бинобар ин, ронандагонро зарур аст қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ба пуррагӣ риоя намуда, нисбат ба дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ эҳтиром гузоранд.
Акс аз манбаҳои боз.