ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2023-11-01 04:15:43

27 октябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлис нахуст лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” ва нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2025-2026 муҳокима гардид. Лоиҳаи пешниҳодшудаи буҷети давлатӣ барои соли оянда бо мақсади амалӣ намудани сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат дар самти таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои манфии берунӣ ба он, тараққиёти соҳаҳои воқеӣ ва инфрасохторӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия гардидааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки барои ноил гардидан ба ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи мутавозини сиёсати макроиқтисодӣ, буҷету андоз ва пулию қарзӣ муҳим мебошад. Аз ин лиҳоз, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои дахлдори кишвар ҷиҳати иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар барои давраи миёнамуҳлат, нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои соли 2024 ва дурнамои он барои солҳои 2025 - 2026 супориш доданд, ки як қатор тадбирҳои мушахасро амалӣ намоянд. Аз ҷумла, иҷрои барномаву нақшаҳои қабулнамудаи Ҳукумати мамлакат сари вақт, пурра ва сифатнок таъмин карда шаванд, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва татбиқи вазифаҳои муҳимми давлатӣ иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 - 2026 таъмин гардад ва истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинигардида таъмин карда шавад. Аз рӯи масъалаи якум ва Дар бораи лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2025-2026 ҳисоботи вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд. Дар маҷлиси Ҳукумати кишвар баъди муҳокима лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” ва нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2025-2026 ва Дар бораи лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2025-2026 маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Сипас, дар кори маҷлис як қатор лоиҳаҳои қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, Дар бораи Барномаи давлатии рушди низоми логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 ва Дар бораи Барномаи давлатии рушди санъати шашмақом, фалак ва мактаби суннатии “устод-шогирд” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028, баррасӣ шуданд. Дар охири кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи зарурӣ гузаронидани маъракаи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, иҷрои нақшаи кишти тирамоҳӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, захираи кофии маводи озуқа, сӯзишворӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати кишвар, роҳбарияти вазорату идораҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супоришҳои мушаххас доданд.
                                                                                                                                                                    Манбаъ: 
www.president.tj