ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Аҳмият ва афзалияти рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт

2023-11-10 06:43:23

9 ноябри соли 2023,  дар  КВД «Маркази рақамикунони соҳаи нақлиёт»  маҷлиси  гуруҳи корӣ оид ба иҷрои бандҳои «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои 2021-2025», баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ бо назардошти таъмини иҷрои банди 1 «Нақша чорабиниҳои  Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои бандҳои барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ки бо фармоиши Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон №43 аз 16-уми марти соли 2023 «Дар бораи  рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт» ба  тасвиб расидааст  миёни иштирокчиён табодули афкор сурат гирифт, ки фарогири масоили зерин мебошанд:
- Таҳия асноди ҳуқуқӣ оид ба  тартиби қайдгирии электронии корхонаҳои нақлиётӣ ва воситаҳои нақлиёти дар кишвар  фаъолияткунанда бо ҷудо ID ва QR-коди  ягона дар маҳзани ягонаи электронии соҳаи роҳу нақлиёт;
- Муайян ва баррасии сатҳи қарордоштаи таъмини низомномаҳои электронии логистикӣ, сертификатсиякунонӣ ва иҷозатномадиҳӣ бо назардошти ҳамгироӣ ба маҳзани ягонаи электронии соҳаи нақлиёт;
- Ташкили мубодилаи иттилоотӣ (Вохӯриҳо, протоколҳо ва ғр.) тариқи барномаҳои мобилӣ.
Ҳаминро бояд тазакур дод, ки «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо назардошти омӯзиши таҷрибаи давлатҳои хориҷи дуру наздик, инчунин дар заминаи он вазъи гузариши соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ба иқтисоди рақамӣ, сатҳи технологияи рақамӣ дар соҳаҳо, дастовардҳо ва мушкилот ҷиҳати дастрасӣ ба сатҳи зарурии технологияи иттилооти коммуникатсионии рақамӣ ва инфрасохтори он таҳия гардидааст.