ТАБРИКОТИ Вазири нақлиёти ҶТ ба муносибари Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2023-11-24 10:39:58
Санаи нашр 24.11.2023.
Ҳамкасбони муҳтарам!
24 ноябр мардуми сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як санаи муҳимми таърихӣ – 31-солагии қабули Парчами давлатиро бо ифтихору шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ ва дар фазои орому осудаи кишвар таҷлил менамоянд. Ба ин муносибат ман ҳамаи шумо ва дар шахси шумо – тамоми сокинони кишвари азизамонро самимона табрик мегӯям!
Дӯстони азиз!
Баъди парокандашавии Иттиҳоди Шӯравӣ 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида буд. Вале, бинобар нооромиҳои сиёсӣ сари вақт рамзҳои давлатӣ қабул нагардиданд. Давлат ва миллати мо таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо моҳи ноябри соли 1992 ба қабули рамзҳои давлатӣ мушарраф гардиданд. Соли 1994 Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд, ки дар он парчами кишварамон дар баробари дигар рамзҳои давлатӣ ҳамчун нишонаи ҳастӣ ва пойдории давлатдории миллии тоҷикон дарҷ гардид. Инак беш аз 30 сол аст, ки ин рамзи муқаддаси миллии мо дар тамоми гӯшаву канори мамлакат парафшонӣ мекунад ва барои дастоварду пирӯзиҳои фарзандони арзандаи миллат дар кишварҳои гуногуни олам баробари садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатии мо низ афрохта мешавад. Яъне, Парчами давлатӣ муаррифгари тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад. Мусаллам аст, ки ҳар як давлати соҳибистиқлолу озод ба ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид маҳз бо парчами худ пазируфта мешавад ва эътироф мегардад. Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки имрӯз дар қатори дигар кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар назди бинои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ парафшон мебошад.
Ҳамкасбони арҷманд!
Парчами давлатии Тоҷикистон иборат аз матои росткунҷа буда, дорои се рахи рангаи уфуқӣ мебошад: рахи боло ранги сурх, мобайнӣ ранги сафед ва поёнӣ ранги сабз дорад.
Дар рӯи рахи сафед, дар мобайни Парчам, бо зарҳал тоҷ ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудаанд. Ранги сурхи Парчам — рамзи мубориза ва ҷоннисории халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлол, ранги сафед — рамзи покӣ, озодагӣ, роҳи сафед ва бахту иқболи нек, ранги сабз — рамзи ҳаёт, сарсабзиву хуррамӣ, созандагиву бунёдкорӣ мебошад.Тоҷ рамзи шукӯҳу шаҳомат, рамзи давлат, соҳибихтиёрӣ, соҳибдавлатӣ ва истиқлолият аст.Ҳафт ситора — рақами муқаддас дар оину суннат ва ҳикмати халқи мо, рамзи бахту саодат, некӣ ва пайванди арзишҳои заминӣ ва кайҳонӣ мебошад. Басо рамзист, ки ҳафт минтақаи ҷумҳурӣ — Бадахшон, Суғд, Хатлон, Зарафшон ва водиҳои Ҳисору Вахшу Рашт низ ба ҳафт ситора мувофиқат мекунанд. Қабули Парчами давлатӣ дар давраи ниҳоят ҳассоси таърихи давлати тозаистиқлоламон ба мардуми мо тавону қувваи тоза бахшид ва онҳоро муттаҳид сохт, ки таҳти парафшонии маҳз ҳамин парчами давлатӣ сохти конститутсиониро барқарор ва сулҳу оромиро дар кишвар таъмин намоянд. Ҳамин тавр, Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддастарин рамзи давлатдории мо баёнгари ҳувият, таърих ва моҳияти давлати тоҷикон ва далели возеҳи соҳибватаниву соҳибистиқлолии мо мебошад. Парчами давлати соҳибихтиёри мо нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷ гузорад. Мехоҳам махсус хотирнишон намоям, ки мафҳуми “Парчами давлатӣ” бо номи миллати муътабари пайванди ногусастанӣ дорад. Манзури ман «Дирафши Ковиён» аст.
Яъне, тоҷикон яке аз қадимтарин халқҳои ориёӣ мебошанд, ки Дирафшро ҳамчун рамзи истиқлол, рамзи давлат, рамзи ваҳдати халқ аввалин маротиба истифода намуда, таҷрибаи парчамдориро ба миён овардаанд. Дар ин бора дар достони таърихии марди бузург аз ниёгони миллати тоҷик – Коваи Оҳангар дар “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ батафсил навишта шудааст. Дирафши ковиёнӣ аз аҳди қадим то поёни Давлати Сосониён муқаддастарин парчами давлатдории мардуми эронитабор будааст ва ба гуфтаи муаррихини исломӣ ҳазорон ҳазор сиккаи тило арзиш доштааст. Ин дирафш пас аз ҳамлаи аъроб ба Эрон ба дасти онҳо афтод ва аз байн рафт. Рамзи Дирафши Ковиёнӣ имрӯз дар Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад. Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006 мавриди истифода қарор дорад. Агарчи дар замони ислом номи ориёии он – «дирафш» ба номҳои арабии «роят», «алам», «ливо» ва баъдан дар радифи арабӣ бо номи туркии «байрақ» иваз шудааст, вале то дер боз, тақрибан то замони Ғазнавиён маъмул будааст ва дар осори таърихию адабӣ ва махсусан ҳамосаҳои миллии мо – «Шоҳнома» ва «Гаршоспнома» танҳо номи дирафш истифода шудааст.Масалан, Соиби Табрезӣ навиштааст:
Алами фатҳ бувад қомати озодаравон,
Мӯи жӯлидаи мо шавкати парчам дорад.
Яъне имрӯз мо бо қаноатмандӣ метавонем зикр намоем, ки маҳз бо кӯшишу эҳтимоми бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ташаббускори эҳёи забон, фарҳанг ва тамаддуни гузаштаи халқамон маҳсуб мешаванд, дар замони мо номи аслии ин муқаддасоти давлатии мо, яъне «парчам» аз нав зинда гардонда шуд. Парчами давлатӣ рамзест, ки қудрати муттаҳидкунанда дорад ва дар қалби ҳар як шаҳрванд ғурури миллӣ ва эҳсоси гарми ватандориро бедор месозад. Бинобар ин, ҳифзи Парчам ва арҷгузорӣ ба он нишонаи ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад. Қабули Парчами давлатӣ ба мо имкон дод, ки ба мазмуну моҳияти ҳаёти давлат ва ҷомеаи худ бо диди нав назар андозем, ба таърихи гузаштаи халқамон бо чашми ибрат нигоҳ кунем ва ба сӯйи ояндаи дурахшону ободи давлату халқи Тоҷикистон бо эътимоди қавӣ қадам гузорем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ 3 ноябри соли 2009 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» - ро пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва тибқи он 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид.
Бори аввал мардуми кишвар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун иди умумимиллӣ 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ истиқбол гирифтанд. Инак, 14 сол мешавад, ки мо, сокинони Тоҷикистон 24 ноябрро ҳамчун Иди умумимиллӣ таҷлил менамоем. Таҷлили ин ид дар замири ҳар як шахс эҳсоси худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва ифтихор аз истиқлолу озодиро афзун мегардонад.
Ҷашн гирифтани Рӯзи парчами давлатӣ арҷгузорӣ ба хизматҳои фидокоронаи фарзандони бузурги халқамон мисли Коваи оҳангар, Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ, Шераку Деваштич, Спитамену Муқаннаъ, Темурмалику Восеъ, Рӯдакиву Фирдавсӣ, Айниву Бобоҷон Ғафуров ва даҳҳо дигар абармардони гузаштаамон мебошад, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик барои ҳифзи ному нанг ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ҷоннисориҳо карда, забон, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми куҳанбунёдамонро то замони мо расонидаанд. Аз ин рӯ, эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо, хусусан, наврасону ҷавонони кишвар ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз он дар зеҳну шуури ҳар як фард ҳанӯз аз синни хурдсолӣ тарбия карда шавад.
Дӯстони азиз!
Ифтихори ҳар як фарзанди ватандӯсту миллатпарвари тоҷик аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 августи соли 2011 дар паҳлуи чапи Маҷмааи давлатии «Қасри миллат», дар баробари Нишони давлатӣ баландтарин Парчами Тоҷикистон барафрохта шуд. Он бо бузургиву ҳашамат назир надорад. Дарозии Парчам 60 ва бараш 30 метр, баландии сутуни он 165 метр мебошад, ки дар ҷаҳон яке аз баландтаринҳо маҳсуб меёбад. Парчами давлатии Тоҷикистон аз лиҳози баландӣ ва бузургӣ ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид гардидааст.Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он тантанаи идона изҳор доштанд: «Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии Ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи гиромидошти рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад».«Парчами миллӣ, — таъкид намудаанд Сарвари давлат, — имрӯз ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум барои ободонии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши cе ранг — ранги сурх-озодию истиқлол, ранги сафед — сулҳу оромӣ, ранги сабз — ободию хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад».«Мо таҳти ҳамин парчам ба ваҳдати миллӣ расидем. Дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ мо сиёсати созандагиву бунёдкоронаро ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар ҷомеаи нав, ҷомеаи озоди демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ ба пеш хоҳем бурд», - таъкид намудаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамкорони гиромӣ!
Дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси замони муосир ва равандҳои босуръати ҷаҳонишавӣ масъалаҳои ҳифзи истиқлолу озодӣ, суботу оромӣ, муқаддасоту арзишҳо, суннату анъанаҳо ва расму ойинҳои миллӣ барои мо аҳаммияти торафт бештар касб мекунад. Аз ин рӯ, мо – мардуми Тоҷикистон – вазифадорем, ки дар зери Парчами давлати худ боз ҳам бештар муттаҳид бошем, барои ҳимояи марзу буми Ватани азизамон, пойдории давлату давлатдории навинамон саъю талош варзем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, манфиатҳои милливу давлатии худро ҳифз кунем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату сарҷамъиро таҳким бахшем ва ҷойгоҳу обрӯи Тоҷикистони маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем. Тавре Сарвари давлат дастур додаанд, дар ин самт зарур аст, ки на танҳо дар биною утоқҳои корӣ ва толори вазорат ва идораю муассисаҳои зертобеи он Парчами давлатӣ парафшон бошад,балки он ҳамчун нишони сарисинагӣ аз ҷониби кормандони мо, инчунин, дар манзилҳои истиқоматиамон ба сифати рамзи ифтихору ватандӯстӣ васеъ истифода гардад.
Бигзор, Парчами давлатии кишвари мо, ки далели пойдор будани сулҳу субот, соҳибихтиёрӣ ва пешрафту шукуфоии давлату миллатамон аст, бар фарози Тоҷикистон ва мардуми шарифи он то абад парафшон бошад!
Бори дигар Рӯзи Парчами давлатиро ба ҳамаи шумо самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар кадоматон бахту иқбол ва ба давлати соҳибистиқлолу озодамон амнияту осоиш ва рушди устувор орзу менамоям.
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бошад, ҳамкорони азиз!
Бознашр аз: www.mintrans.tj