ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Табрикоти директори МД “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2023-11-24 11:35:19

Ҳамкорони гиромӣ !
Имрӯз дар сартосари Ҷумҳурӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Аз ин фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи шуморо ба  Рӯзи парчами давлатӣ муборакбод менамоям. Парчами давлатӣ яке аз се рамзи давлатӣ буда, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дасдиқ ва қабул гардидааст. Парчами давлатии мо аз рангҳои махсуси маънодори сурх, сафед ва сабз иборат мебошад, ки ҳар кадоми рангҳо маънои хос доранд. Дар мобайни Парчам рамзи тоҷ ва ситораҳо дар шакли нимдоира тасвир ёфтааст. Дар  хусуси маънову мафҳуми рангҳои Парчам дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати “Рӯзи парчам” аз 23-юми ноябри соли 2010  махсус ишора намуда, рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» донист ва ишора намуданд, ки ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу, ранги сабз–нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Мавриди зикр аст, ки Парчами давлатӣ дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони мардумӣ тасдиқ ва қабул гардид. Қабули Парчами давлатӣ барои мардуми сарфарози Тоҷикистон аз санаи муҳиму таърихӣ ба шумор рафта, ҳамасола дар кишвари азизамон бо тантана таҷлил мегардад.  Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, дар қатори дигар муқаддасоти давлатӣ дар замири мардуми Тоҷикистон  шӯълаи умеду бовариро тавлид намудааст. Парчами давлатӣ тибқи Қонуни ҶТ дар бораи рамзҳои давлати яке аз аввалинҳо буда, инъикосгари таърихи куҳан доштани мардуми тоҷик мебошад. Тавре ҳамаи мову Шумо медонем,  мардуми тоҷик аз замонҳои қадим соҳиби парчам буданд, ки яке аз нишонаи барҷастаи он “Дирафши Ковиёнӣ” маҳсуб меёбад. Дар замони соҳибистиқлолӣ давлату Ҳукумати мамлакат бо қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ ва эҳёи хотираи таърихӣ дар маркази пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе яке аз калонтарин Парчами дунё қомат барафрохт, ки тамоми мардуми Тоҷикистон онро ҳамчун рамзи давлатдории навин ва озодиву истиқлол қабул намуданд. Парчам рамзи озодӣ ва истиқлол буда, дар болои биноҳои вазорату кумитаҳо ва ҳатто бисёре аз шаҳрвандон дар болои манзилҳои истиқоматиашон ҳамчун муқаддасоти миллӣ бо ифтихор меовезанд. Парчами давлатии мо баъди ҳазор сол дар замони соҳибистиқлолӣ ба таври расмӣ нишонаи давлатдорӣ дубора эҳё гардид. Моро зарур аст, ки ин муқаддасоти миллиро дар баробари Ватан ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз, ҳимоя ва эҳтиром намоем.
Дар ҷоҳонӣ имрӯза дар шароити “зудтағйирёбанда ва пешгӯишанаванда” ҳифзи Парчам вазифаи ҳар як мардуми ватандӯсту ватанпарвар мебошад.Шукри истиқлолу озодӣ, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон дар зери Парчами давлатӣ ва таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон кору зиндагӣ доранд.
 Парчами давлатӣ омили таҳкимбахш ва мутаҳидсоз буда, барои  ҳамаи мову Шумо воситаи раҳнамунсоз дар татбиқи Ҳадафҳои Стратегиии давлатӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба ин васила ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистони  соҳибистиқлол мебошад. Барои мо аҳли кормандони Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ хизматрасонии логистикӣ” зери Парчами озодиву истиқлол кору фаъолият намудан ифтихор ва мояи сарфарозист.
 Ҳамкорони гиромӣ !  
 Дар охир мехо
ҳам махсус қайд намоям, ки ҳифзи Парчами давлатӣ қарзи имониву виҷдонии ҳар як сокини Тоҷикистони азиз аст.  Пас моро мебояд дар ҳифзи Парчам ва эҳтирому арҷгузории он дар маҷмӯъ баҳри ободиву созандагии Тоҷикистони азиз талошу кӯшиши дучанд намоем.

 Дар фарҷом бори дигар  ба ҳамаи Шумо Рӯзи Парчами давлатиро муборакбод гуфта, ба Шумо саодату сарфарози ва дар хонадонатон файзу баракати рӯзафзун таманно дорам.
Бори дигар Рӯзи Парчами давлатӣ муборак ҳамкорони азиз!