ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Дар хатсайрҳои шаҳрӣ ва наздишаҳрии Бохтар автобусҳои нав ба ҳаракат оғоз намуданд

2023-12-07 09:50:44

 Раёсати муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” дар минтақаи Бохтар ба маълумоти сокинон ва меҳмонони кишвар  мерасонад, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар вилояти Хатлон аз 24 ноябри соли 2023 дар хатсайри Бохтар –Кушониён – Вахш, ҳамарӯза 10-11 автобуси марбут ба ККВД “Бохтарнақлиётхизматрасон”-и назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, ба мусофирон хизмат мерасонад. Реҷаи кории автобусҳо вобаста ба мавсими сол аз соати 7-00 то 19-00 муайян гардида, нархи роҳкиро барои як мусофир то шаҳраки Вахши ноҳияи Вахш 3,00 сомонӣ муайян гардидааст, ки нисбат ба нархномаи тасдиқ гардидаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-40 % арзон мебошад. Дар баробари  автобусҳо, 25-30 адад воситаҳои нақлиёти микроавтобусӣ ва то 100 адад воситаҳои нақлиёти сабукрав дар хатсайри болозикр ба мусофирбари машғул мебошанд.