ХУШХАБАР!!
2023-12-14 08:27:21
13 декабри соли 2023 Муассисаи
давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хзизматрасонии логистикӣ” мутобиқи созишнома
барои ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи Иттиҳоди Аврупо, яъне Идораи
сертификатсиякунонии марказии аврупоии Комиссияи Аврупоӣ - Маркази муштараки
тадқиқотӣ, Мудирияти E – фазо, амният ва
муҳоҷират, бахши амнияти киберӣ ва рақамии шаҳрвандон (Digital Tachograph -
European Root Certification Authority, European Commission - Joint Research
Center, Directorate E – Space, Security & Migration Cyber & Digital
Citizens' Security Unit) амалиёти тамдидкунии сертификати миллии истифодабарии
корти рақамии тахографро гузаронад, ки дар натиҷа ба таври расмӣ сертификати
миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истеҳсол ва таъмини ронандагон бо корти
рақамии тахограф ба муҳлати 2 сол тамдид карда шуд. Ин имконият медиҳад, ки
муассиса ронандагони кишварамонро бо кортҳои номбурда таъмин намояд, ки санаи
ниҳоии истифодабарӣ то соли 2030 шуда метавонад.
Мувофиқи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №42
аз 14.04.2010 “Оид ба ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба созишномаи Аврупоӣ
дар бораи фаъолияти экипажҳои нақлиётии автомобилие, ки бо интиқоли автомобилии
байналмилалӣ машғуланд (“ЕСТР”)” (1 июли соли 1970 ш. Женева), Ҷумҳурии
Тоҷикистон ба Созишномаи мазкур шомил мебошад.
Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2011, №503
“Оид ба истифодабарии тахографи рақамӣ дар ҳамлу нақли байналмилалии
автомобилӣ” қоидаҳои истифодабарии кортҳои рақамии тахограф дар миқёси ҷумҳурӣ
ба зимаи Вазорати нақлиёт ҳамчун сохтори ваколатдор муайян карда шудааст. Дар
баробари ин бо фармоиши вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли
2019, №106 “Оид ба тасдиқи Қоидаҳои истифодабарии тахографҳои рақамӣ дар ҳамлу
нақли байналмилалӣ” сохтори танзимкунандаи қоидаи мазукр, аз он ҷумла коркард,
истифодабарӣ ва истеҳсоли кортҳои мазкур, Муассисаи давлатии “Нақлиёти
автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста
карда шудааст. Истифодаи корти рақамии тахограф баҳри ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоии
ронандагон равона гардида, инчунин танзими риояи реҷаи кор ва истироҳати
ронандагон ва дар ин васила таъмини бехатарии интиқоли бору мусофирон дар самти
байналмилалиро таъмин менамояд. Таъмин намудани ронандагон бо кортҳои рақамии
тахограф вобаста ба Созишномаи Аврупоӣ дар бораи фаъолияти экипажҳои нақлиётии
автомобилие, ки бо интиқоли автомобилии байналмилалӣ машғуланд, иҷрои
уҳдадориҳои Тоҷикистон низ ба ҳисоб меравад. Инчунин таъмини ронандагон бо
корти рақамии тахограф аз ҷониби муассиса мушкилоти ронандагонро ҷиҳати дарёфти
кортҳои номбурда осон намуда, ба ронандагони ватанӣ имконият медиҳад фаъолияти
боркашонӣ ва мусофирбариро дар ҳудуди давлатҳои Иттиҳоди Аврупо иҷро намоянд.
Айни ҳол, муассиса кортҳои рақамии номбурдаро дар ҳамкорӣ бо ширкати Руминӣ
(Аврупоӣ) омода намуда, ба ронандагон дастрас менамояд.
Барои дастрас намудани корти рақамии тахографи намунаи аврупоӣ ронандагон
метавонанд ба Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии
логистикӣ”-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Шуъбаи рушди хизматрасониҳои логистикӣ, лоиҳаҳо ва
равобити байналмилалӣ, тел.: 2222399.