ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Имрӯз дар Тоҷикистон борону барф ба амал меояд

2024-01-08 05:10:05

Имрӯз 08.01.2024, дар мамлакат ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борону барф ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 8+12 дараҷа гармиро ташкил медиҳад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда  шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борону барф ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 19-24 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борону барф ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддаи то 10-15  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда  шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борону барфи тар ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1+6 ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм  мешавад. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта  шуда, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон ба амал меояд. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борону барф ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, борон ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3+5 дараҷа гарм, рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.