ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Ҳамкориҳо рушд меёбад

2024-01-26 04:23:37

17-уми январи соли 2024, дар Раёсати Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар вилояти Суғд ҷаласаи навбатии Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои вилоят баргузор гардид. Дар маҷлис масъалаҳо оид ба рафти иҷроиши қарори раиси вилоят аз 18 апрели соли 2023, №120 “Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024”, ба танзим даровардани фаъолияти нақлиёти мусофирбар, дар хатсайрҳои шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар робита ба иҷроиши саривақтии он  қарорҳо  қабул гардид.