ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Ҳушдори КҲФ: Аз барфу борони рӯзҳои 28-31 – уми январ эҳтиёт кунед!

2024-01-29 09:37:21

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки тибқи пешбинии обуҳавошиносон, аз 26 то 29 январ дар қаламрави ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадашон хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад.
Аз 28 то 31 январи соли 2024 дар қаламрави аксар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шуда, борону барф  ба амал меояд.
28-30 январ дар баъзе навоҳӣ борону барфи бошиддат ба амал меояд.
29-30 январ бар асари бориши зиёд эҳтимоли болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки дар қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, вуҷуд дорад.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандон  даъват ба амал меорад, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои худро ба ин самт маҳдуд намоянд ва аз ҳар гуна сафари безарурат худдорӣ намоянд.
Дар ин минтақа ҳамчунин анҷом додани ҳар гуна корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва ғайра маслиҳат дода намешавад. Сокинони минтақаро зарур аст, ки фарзандони худро бе назорат нагузоранд ва ҳамеша онҳоро ҳамроҳӣ намоянд.
Кумита ба ронандагоне, ки мехоҳанд ба ин самт ҳаракат намоянд, тавсия медиҳад, ки қабл аз сафар аввал дар бораи вазъи роҳ маълумоти дақиқ дарёфт созанд ва ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ дар мавриди вазъи ҳаво диққат диҳанд.
Аз ронандагони мошинҳои боркаш хоҳиш мешавад, ки воситаҳои нақлиёти худро бо ҳама лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла занҷирҳо, бандҳо, фонусҳо ва ғайра таъмин созанд, ҳолати системаи гармидиҳандаро санҷанд ва баъд озими сафар шаванд.
Ба хотири пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш Кумита аз ронандагон хоҳиш менамояд, ки суръати ҳаракатро дар роҳҳои кӯҳӣ боло набаранд ва фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя созанд.
Дар ҳоли шоҳиди ин ё он ҳолати фавқулода шудан шаҳрвандон метавонанд барои кумак ба рақами 112 ва телефонҳои қисми навбатдорӣ: (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 муроҷиат намоянд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон